Нахудаки сартарош

06.02.2010


Нахудак ҳамчун устои номвар дар минтақа ном бароварда буд. Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон Нахудакро ба вазифаи сардори сартарошҳои дарбораш таъин мекунад.
Ислом Каримов бо кару фарри ба худ хос омад, дар рӯи роҳаткурсӣ нишаст. Нахудак латуву дигар асбоб ба назди президент омад. Каримов як ин сӯ он сӯяшро синча карда, аз оина нигоҳ карда, ба Нахудак амр кард, аз ёни гӯш сар кун. Болояшро каме зиёдтар мон, яке монда мекунам гуфта ранги Дима Билан накунӣ.
Нахудак ба кор оғоз кард. Ӯ бори нахуст, мӯйи сафеди Ислом Каримовро паст мекард. То ин вақт дигар устоҳо аз зиммаи паст кардани мӯйи ӯ набаромада буданд. Чун мӯяш хеле сахт, мисли мӯи хар буд.
Нахудак даст ба қайчӣ бурд, қайчӣ аз сахтии мӯй шикаст. Мошина аз кор баромад. Мӯйи Каримовро молиш дода, беихтиёр ба зам-замаи Роғунҷонуме ба ҷонут гардаме, Роғун, Роғун…
Такрор ба такрор мехонд, ки мӯйи сахти Каримов рост шуд. Нахудак зам-замаи сурудашро ба авҷи аъло расонда, даст ба тарошидани сари Каримов бурд.
Каримов ба пас нигариста ба Нахудак гуфт, дигар суруд наёфтӣ, Ки Роғун мехонӣ?
Нахудак, дар чавоб ба суоли Каримов  посух дод:
- Ҳар боре, ки номи Роғунро ба забони меорам, ҳар тори мӯят, чунон рост мешавад, ки даҳони бинанда воз мемонад.

Нахудак дар интизори фарзанд

05.02.2010

Нахудак бо занаш солиёни дарозе дар ҳасрати доштани фарзанд ба сар мебурданд.  Аз ҳар кас маслиҳат мепурсиданд, ҳеч нафъе набуд. То ин ки ба назди кашиши шаҳрашон рафтанд.
Нахудак мушкилашро ба кашиш фаҳмонд. Кашиш дар ҷавоб гуфт, нороҳат набошед, мутмаинам, ки Худованд дуои Шуморо шунида, ба зудӣ фарзанде ато хоҳад кард. Дар идома кашиш гуфт, қасд дорам, ба шаҳри Рум биравам ва муддате дар он ҷо иқомат дошта бошам. Ваъда медиҳам, ки вақте ба Ватикан рафтам, барои иҷобати дуои Шумо шамъе гирон мекунам.
Баъдан кашиш гуфт, ки ман пас аз 15 сол бармегардам. Кашиш қавл медиҳад, ки дар вақти бозгашт ҳатман аз ҳоли инҳо бохабар мегардад.
15 сол гузашт, кашиш дубора ба шаҳр баргашт. Як нимарӯзи тобистон ба ёди кашиш Нахудак мерасад ва ба сӯи хонаи ӯ меравад.
Ба назди дар меояд, зангӯларо мезанад. Аз дарун садои кӯдакони зиёде мебарояд. Кашиш хурсанд мешавад, аз дар ворид мегардад, ки кӯдакони зиёде ба ҳамдигар шавқун доштанду ба сари ҳам бозӣ мекарданд. Онтарафтар зане маҳзун меистод. Кашиш гуфт, мебинам, ки дуоятон мустаҷоб шудааст, соҳиби фарзанд шудед, бигӯ шавҳрат дар куҷост?
Зан маъюсона ҷавоб дод: Вай нест… Ҳамин алъон хонаро ба қасди Рум тарк кард.
Кашиш пурсид: Шаҳри Рум? Барои чи ба он шаҳр рафтааст?
Зани Нахудак посух дод: Рафтааст, то он шамъе, ки Шумо ба хотири мустаҷоби дуои мо монда будед, хомӯш кунад!

Мурољиати Нахудак


Аз он тољиконе, ки дар аврупо ба сар мебаранд, хоњиш мекунем. Агар дилатон барои Тољикистони азиз заррае бисўзад, ба Ватикан равед. Мумкин, ягон шумќалиќе барои Њукумати Рањмон шамъе мондаасту мо бехабар мондаем. Кассе тавонад, як сари ќадам рафта бинад, мо интизор. Аз ин амали Ватанпарастонаи Шумо сарамон ба осмон мерасад.
Мутаассифона ваќти бозгашт аз Ватикан ба сарам ин андеша омад, но худам албатта медидам. Агар касе барои ў шамъе намонда бошад, барои зудтар рафтани ин њукумат шамъе монед.

Бо як љањон орзу аз Нахудак Кунљковпур

Нахудаки БЕОДОБ

15.01.2010

Салом ба Хонандагони гиромии торномаи мо! Ба гуфте шодем аз он, ки Шумо бо моеду мо бо Шумоем. Нахудак ин навбат як беодобии сахт мекунад, аз ин рӯ қаблан аз Шумои азиз пӯзиш мепурсем. Рафтем, то гуфтори беодобии Нахудакро хонем.

Боймуҳаммад Ниёзов (Худо раҳматашон кунад) сарояндаи маҳбуби пиронсолони тоҷик дар яке аз толорҳои бузурги шаҳри Хуҷанд консерт мемонад. Устодро коре пеш меояду аз консерти худашон дер мекунанд. Ҳамаҷояш саршори об буду ба дари толор расид, кассир ҳофизро намонд, ки ба толор ворид шаванд.

– Э бачем, ман ҳофизам, манро мардум интизор, ту чӣ кор карда истодаӣ?

– Ту чихелӣ ҳофизӣ, ки дер мекунӣ, дурӯғ нагӯ, билет хар, пас иҷозат. Боймуҳаммад Ниёзов маҷбур билетро харида ба консерти худаш медарояд. Сурӯди аввалине, ки оғоз кард, «Эй ҷони ман асират» буд. (Шумо ҳам ранги эшон хонед)

Эй ҷони ман асират, к-рам дар к-ни кассираааааааааааааааат)))

Зӯр зада ҳамин мисраро такрор ба такрор мехонд, касе хит намекард. Билохира, фарзанди кассир мефаҳмаду садо баланд:

- Эй, ҳофиз ту чӣ гуфтаистодаӣ, вай кассир дадои ман мешуд?

Ҳофиз мегӯяд, кассир дадои ту мӣ?

– Бале, дадои ман. Пас, сароянда такрор ба такрор сароиданро сар мекунад:

- Эй ҷони ман фидоят, к-рам дар даҳони дадоятееееееееееееееееееее!!!!!!!!!

Нахудак дар ҳимояи ҲУКУМАТ

10.01.2010

Нахудак дар кӯча ҷӯгиҳои зиёдеро пеш-пеш карда ба маҳкама бурд. Ба милисаҳо гуфт, инҳоро маҳкам кунед! Сарвари милисаҳо сабаб пурсид. Нахудак, даъворо сар кард. Шумо чӣ тавр худро ҳомии ин ҳукумат меномед? Шуморо посбон мегӯянд, Шумо чиро нигоҳ карда мегардед? Нони даҳони ҳукумати Шуморо бартамом кашида гиранд, пас Шумо ба кӣ заруред?

Сарвари милисаҳо сухани Нахудакро бурида, гуфт: – Мӯҳтарам, шаҳрванд Шумо рӯшантар сухан кунед, чӣ воқеа рух додааст?

- Эээ, Шумо, гуфта Нахудак боз суханро сар кард, ҳаминҳоро намебинед?

– Бале, дида истодаам, як тӯда ҷӯгиҳои пойлуч, ки корашон гадоӣ аст, посух медиҳад сарвари милисаҳо.

– Ана ҳама гап сари ҳамин пойлучҳо меравад. – Мӯҳтарам, шаҳрванд ман мақсади Шуморо нафаҳмида истодаам. Чаро ин ҷӯгиҳоро маҳбас кунам, ба ҷуз гадоӣ боз чи кор карданд?

- Худатон медонистеду боз худро ба нодонӣ мезанед. Барои гадоияшон ба маҳбас кашед!

– Магар гадоӣ ҳам сабаб ба маҳбас кашидан мешавад?- мепурсад милиса.

- Чаро нашавад, нони даҳони ҳукуматро кашида гирифта истодаанд. Ҳукумат бо гадоӣ шиками Шуморо базур сер карда истодааст, касби ҳукуматро гиранд, ҳукумат бо чӣ чора мебинад?

Корнамоиҳои НАХУДАК

05.01.2010

Нахудак дар хидмати Каримов

Амалҳои Нахудакро дида, Ислом Каримов курта-курта гӯшт мегирад. Ҳар рӯз Нахудакро васф мекунад. Обрӯи Нахудак дар пеши Ислом Каримов ба осмони ҳафтум дака мехӯрд. … Аз қазо ҳардуяшон рӯ ба рӯ мешаванд. Нахудак ба Ислом Каримов мегӯяд, дар дунё ягона президент ту ҳастӣ, ки маро таъриф мекунӣ. Барои ин хидматҳоят ман ба ту чӣ хизмат карда метавонам?

 Ислом Каримов хандида мегӯяд, аз дасти ту чӣ хизмат меояд, ки барои мани президент ба ҷо орӣ? Нахудак мегӯяд, туро дар атрофи Тоҷикистон давр мезанонам, то Роғунро бубинӣ. Имлом Каримов чун аз ҳама каромотҳои Нахудак воқиф набуд, суол мекунад, ки чӣ тавр маро давр мезанонӣ?

 - Ба болои ду китфам бардошта, ба як мижазанӣ ба Роғун мерасонамат, мегӯяд Нахудак.

Ислом Каримова розӣ мешавад. Нахудак ӯро ба китфаш мебардорад. Аз қасраш берун нашуда Каримов аз Нахудак хоҳиш мекунад, то қазои ҳоҷат намояд. Нахудак мегӯяд, ба ту иҷозат аст, дар ҳаминҷо кардан гир.

Билохира Каримов дар осмон қазои ҳоҷат мекунаду ба худ меларзад. Ларза дар баданаш намонда, сарашро баланд мекунад, ки дар рӯи мизи кориаш ғанаб кардаасту ҳамаҷояшро ахлоту пешобаш пур кардааст!!!

Нахудаки ғоратгар

Сарони кишварҳои ИДМ дар нишасте гирди ҳам меоянд. Пас аз танаффуси нисфирӯзӣ як-як омада ба ҷои худ менишинанд. Дар ин миён Нахудак дар даст яроқ аз дар ворид мешавад. Ҳамагонро маҷбур мекунад, ки аз ҷойҳояшон рост бишванду дастҳояшон бар пӯшти сар бардоранд. Чун чорае намебинанд, чи амре аз ҷониби Нахудак садо медод, бе каму кост ба ҷо оварда мешуд. Нахудак ба ҳамагон амр мекунад, ки ҷайбҳояшонро холӣ кунанд. Ва чӣ маблағе доранд, дар рӯи миз монанд. Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ҳоло аз сари хӯрок нахеста буд, вақте ба маҷлисгоҳ ворид шуд, ки ҳамагон даст ба ҷайбашон мебурданд. Нахудак Эмомалиро дидан замон, шабпаракбарин худашро аз тиреза берун партофт. Ҳама бо чашми ҳайрат ба ҳамдигар менигаристанд, ки ба ин ғоратгар чӣ шуд, ки Эмомалиро дида гурехт? Дар ин замон дастҳои Нахудакро ба пӯшт баста, аз дар оварданд. Президенте суол кард, мақсади туро фаҳмидем, ки ғоратгарии сарварони давлатҳо буд. Аммо сабаби Эмомалиро дида фирор карданатро нафаҳмидем?

Нахудак сар ба зер афканда, гуфт: агар маблағҳои шуморо мегирифтам, албатта Эмомалӣ пеши ман барои гирифтани қарз меомад, аз ин рӯ гурехтам!!!

Нахудак ва президент

Нахудак ба назди Эмомалӣ Раҳмон меояд. Аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш мекунад, ки қарзи маро баргардон. Нахудак мегӯяд, дар замони бӯҳрон ҳаминқадар тоқат карда мешавад, ба худам ҳам маблағ зарур аст. Эмомалӣ Раҳмон ба фикр меравад, пас сарашро бардошта рӯй ба Нахудак меорад ва рӯйхатеро ба ӯ дароз мекунад. Номи Нахудак дар ин рӯйхат дар ҷои 25-ум қарор дошт. Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, номатро дидӣ дар чандум аст?

- Бале, мегӯяд Нахудак ва ба Раҳмон суол мекунад, ки пас ман чӣ кор кунам? Дӯстӣ, дӯстиву ту ба ман маблағамро бозгардон.

 - Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, агар як бори дигар ба наздам биоӣ номатро аз рӯйхат хат мезанам. Ва агар ба худам ришва диҳӣ, номатро аз ҳама аввалда менависам!!!

Нахудак ва ризқи ГОВ

Нахудак ба писараш супориш медиҳад, ки говро ба чаро бубар. Аз кор бармегардад, ҳамсараш мегӯяд, Шумо рафтеду писаратон говро ба чаро набурд. Нахудак сари қаҳр ба хона даромада, писарашро ҷанг мекунад, ки чаро говро ба чаро набурдааст?

Писараш мегӯяд, зимистон аст, дар чарогоҳ алаф нест, аз говро бурдани ман чӣ фоида, ки гов сер намешавад. Нахудак мегӯяд, агар ин тавр бошад, ба роҳи асфалт бурда банд. –

О, падар дар асфалти қоқ гов чӣ мехӯрад? – Ту як бачаи бекаллаи нопухта будаӣ. Ҳамин қадар корманди БДА дар асфалти қоқ ризкашонро ёфта хӯрда истодаанд. Гови мо ҳам наход дар қатори ҳамонҳо ризқашро дар он ҷо ёфта натавонад???

Мактуби Нахудак ба Бобои барфӣ

25.12.2009

Ба Тоҷикистони азиз соли нави мелодӣ наздик меояд. Гӯё чизе дар зиндагӣ нав мешуда бошад, вале дар асл ҳама яксон аст, оне ки буд ҳамон. Вале дар ин шабу рӯз Нахудакро ташвишест болотар аз ҳама. Ӯ дигар аз Бобои барфӣ шоколаду киндер, шарику кимчии дигар намехоҳад. Ҳадафҳои ӯ тамоман нав шудаанд, ӯ на танҳо хушрӯзии худро балки хоҳон аст, атрофиёнаш низ дур аз қошоқӣ бизианд. Дар ин шабҳои охири сол барои баровардани ғуса аз тангнои дил даст ба рӯи ҳарфҳои роёна бурд, то ба Бобои барфӣ мактуб бинависад. Барои навиштан ангуштони Нахудак хеле пурқувватан, агар қаблан мегуфтанд, ки қалами фалонӣ тез аст, акнун мод шудааст, ки бигӯянд, ангуштонаш рӯи ҳарфхои роёна зебо медаванд. Ангуштони Нахудак ҳам ба рӯи ҳарфҳои роёна медавинданду саҳифаи сафед то рафт рангашро иваз мекард.

Мактуби Нахудак ба Бобои барфӣ

Мактуб ба Бобои барфӣ аз номи Нахудак ибни Кунҷкобпур.

Нишонии Нахудак: Ҷумҳурии Галактика, шаҳри Офтоб, кӯчаи Маҳтоб, бинои Рӯи об, хонаи Таи об.

Бобоҷон пеш аз ҳама салом!!! Ба самъи Шумо расонам, ки дар ҷаҳон миллате ҳаст бо номи тоҷик, ман аз ҳамон миллат. Бобоҷон, суханҳои маро шӯхӣ напиндоред, ман рост навишта истодаам. Ман ҳар вақте Шуморо медидам, аз кулворатон ба мо тӯҳфаҳо медодед. Дигар манро ин тӯҳфаҳои кӯдаконаи Шумо қонеъ намекунад, ман аз Шумо хоҳиши бузургтаре дорам, ки онҳоро як як ба дар зер менависам. Илтимос, натарседу ба ман ҷавоб гардонед. Бобоҷони ҷони ҷон!!! Ин гапора фақат ба Шумо мегӯям, бо ба ягон каси дигар нагӯед. Ин сирри миёни ҳардуямон. Агар иҷро карда тавонед, савоби 7 миллион мардум дар гардани Шумо аст. Аз Шумо илтиҷо мекунам, ки дар кулворатон барои мо неъмате бо номи ДЕМОКРАТИЯро биоред. Мегӯянд, дар аврупо пури пур аст, чӣ мешавад, ки камтар ҳам бошад, меовардед, то рангашро мо ҳам медидем. Эҳтиёт шавед, ки дар роҳ гумрукчиён ин тӯҳфаро набинанд, вагарна бурда ба ҳукумат медиҳанду онҳо худашон мегиранду ба касе тақсим намекунанд. Мегӯянд, ки ДЕМОКРАТИЯ дар худ, баробарӣ дорад, озодии сухан дорад, ҳукумати мардумӣ дорад, аз ҳама муҳимаш мардум ба доди мардум мерасидаанд. Бобоҷон илтимос, бо ягон ДЕМОКРАТИЯи китайскӣ набиоред, ки ҳозир ҳамаҷо ҳаминхелӣ пур шудааст. Дар мо мегӯянд, ки ДЕМОКРАТИЯ ҳаст, вале ин аз асосиаш набудааст, чӣ? Барои ҳамон Шумо асосиаша биоред!

 Бобоҷони асали ман!!! Хоҳиши дигари ман аз Шумо КАДР ном дорад. Дар ҷое, ки мо зиндагӣ мекунем, КАДР намерасидааст. Як вақт сарвари давлатамон ҳам гуфта буд, ки дигар дар киссаи ман КАДР намондааст. Мумкин киссаҳои ӯ майда бошаду КАДРҳояш зуд тамом шудаанд? Барои ҳамин Бобоҷон кулвори Шумо калон аст, ку бисёртар биёред. Бобо аз КАДРҳои шикамғавсу каллакалон набиёред, ки кулворатон зуд пур мешавад. Чунки дар киссаи сарвари давлатамон ҳаминхелиҳош буден, барои ҳамон бармаҳал тамом шудааст. Бобо агар КАДР китайскӣ ё японскӣ бошад зур, дар ин бора китайскиаш фиреб намедиҳад, инхелиҳош майда дар кулворатон бисёр оварда мешавад. Вале тоҷик бошад, ки бо ман дар бало гирифтон нашавам, ҳамаҷоя беҳамин ҳам хитойчаҳои бекадраш гирифтагӣ.

Бобоҷони қанду набот!!! Шумо ИНСОФ гуфтани неъмати Худоро мешиносед? Дар куҷое дидед, аз гӯшҳояш қапида биёред, хеле ва хеле ба мо зарур аст. Дар кишвари мо ба ИНСОФ қаҳт задаст. Аз дасти набудани ин неъмат ба бозор даромада намешавад, вале Бобоҷон ҳамаҷо бозор шудааст, аз набудани ин. Идораи раис ҳам, кабинаи муаллиму духтур ҳамаҷо аз дасти набудани ИНСОФ бозор. Бобо агар ИНСОФа соф исломеша биоред, боз беҳтар.

Ба ришҳои сафедатон садқа, Бобоҷон!!! Дар кишвари мо баъди омадани Шумо интихоботи парлумонӣ мегузарад. Барои ҳамин хушбахтона ба хотирам расид. Дар интихобот мегӯянд, АДОЛАТ ва ШАФФОФИЯТ аз ҳама чизи асосӣ будааст. Барои ҳамин президентамон ҳам гуфтанд, ки ман кафолат медиҳам. Вале бовар дорам, ки зӯри як он кас барои овардани АДОЛАТ ва ШАФФОФИЯТ намерасад, барои ҳамин ба Шумои азиз муроҷиат мекунам. Хамин ду чиз набудааст, барои ҳамон дар интихоботи парумонии гузашта дар соли 2005 фақат намояндагони ҲХДТ гузаштаанд. Худатон то омаданатон як фикр карда бароед, ки аз ҳама куҷоескиш зур. Ба фикрам ҳамин американскиаш зурай Бобо. Як Обамаи мусулмонзодаи сиёҳпӯст бо ёрии АДОЛАТ ва ШАФФОФИЯТ дар интихобот президент шуд. Боз худатон донтар дар ягон ҷо зураша биёред.

Бобоҷони яктои ман!!! Агар ҳамаи ин чизҳоро ореду як чиро наоред, ҳама хизматҳоятон ба як тини сиёҳ намеарзад. То ҷон доред, ДОНИШ ҳам биоред. Агар наоред, ин тӯҳфаҳои овардаатон дар миёни ду рӯз то аз инҷо рафтани худатон тамом мешавад. Коре кунед, ки ин ДОНИШро баъд инҳо аз даст надиҳанд. Роҳи нигоҳ доштанашро худатон вақти овардан ҳатман фаҳмонед. Гузаштагони инҳо ҳама доно буданд. Вале имрӯз ба фикрам кадом Бобои барфӣ аз инҳо ДОНИШро гирифта, ба ҳамсоякишварамон Узбакистон бурда додааст, ки онҳо тамоман дигар шудаанд. Бобо хавотир нашавед, ман худам кулворатонро бо чанд «неъмат»-и дигар пур мекунам. Шумо ҳамчун савхотӣ ба ивази тӯҳфаҳои овардаатон ба дигарҷо мебаред, ки дар он ҷойҳо нест. Пеш аз ҳама ба Шумо АВТОРИТАРИЗМ ва ДИКТАТУРАро медиҳам. Бовар кунед, президентҳои дигарҷо ин неъматро надоранд. Барои ҳамин ин тӯҳфаи шоҳонаи Шумо барои дигарҳо мешавад. Чизи дигар, ки дар ҷои мо хеле реша давондааст, МАҲАЛГАРОӣ мебошад. Бо тамоми ҳастиаш ба Шумо медиҳам. МАҲАЛГАРОИРро тамоми мансабдорон аз президент сар карда дӯст медоранд. Ин ба президентҳои дигар ёрӣ медиҳад, ки ҳукуматашонро бо наздиконашон тақсим кунанд. Албатта, барои бой шудани онҳо КОРРУПСИЯро низ бегуфтугӯ аз мо бурда метавонед.

Бо ҳазору як умед, дуогӯи Шумо Нахудак

Дӯстони азиз! Ин мактубро пеш аз равон кардан, дар торнома мондам, ки Шумо хонед. Агар ягон тӯҳфаи дигаре аз Бобо хоҳиш доред, нависед, ман ба мактуб илова мекунам. Ҳамчунин аз хотир набароред, ки бар ивази тӯҳфа ба Бобо чӣ пешниҳод мекунед. Бобо албатта ба Интернет дастрасӣ дорад, мумкин дар ҳамин ҷо хонад, барои ҳамон фурсатро аз даст надиҳед, ки соли нав-соли 2010 меояд!!!

Меҳмонони НАХУДАК

23.12.2009

Хонандае бо ном Forsage дар замимаи матлабҳо ду латифа навиштааст. Чун ҳар ду латифа ҳам хонданибобанд, ба рӯи саҳфа овардем.

Латифа аз Forsage:

Дурусттараш ин вокеият, ки аз як шохиди он шунида будам. Чанд сол аст, ки ОБСЕ дар Точикистон барои чавонон лагери тобистона ташкил мекунад. Аксар вакт он дар яке аз истирохатгоххои Кайроккум ташкил мешавад ва ба он аз тамоми гушаву канори Точикистон чавонон таклиф мешаванд. Дар ин лагер чавононро бо асосхои сиёсат, интихобот, давлатдори ва гайра шинос мекунанд. Барои вохури бо чавонон намояндагони ахзоб хам бо навбат ташриф меоранд. Ду-се сол пеш як гурух чавононро барои вохури бо раиси КМИР Мирзоалй Болтуев ба Душанбе мебаранд ва дар он чо бо у гуфтугу ташкил мекунанд. Яке аз чавондухтарони русзабон, ки хеле фаъол буд савол медихад: – Уважаемый Мирзоали Болтуев, выборы 2005 года по мнению некоторых наблюдателей из ОБСЕ проходили с многочисленными нарушениями и активным вмешательством местных органов власти. Ваше мнение по этому поводу? Мирзоалй Болтуев бо дахони кушода уро гуш мекунаду ба шахсе, ки канори у нишаста буд менигарад ва мегуяд: – Ин чи мега?

***

Чаноби Оли машварат бо вазирону мушовиронаш ташкил мекунад ва мегуяд: – Мана таргибу ташвик кардем, сахмия фурухтем ин пули лозима барои пардохти карзи Сангтудаву фьючиристони пахта пайдо нашуд. Мо бо фикр када будем барои Рогун хам каме сарф мекунем. Хама хомуш. Баъд идея аз худи Чаноби Оли мебуроя. – Биёед андозора 20 фоиз мебардорем… Хамин вакт яке аз вазирон, ки камтар аз сатхи зиндагии мардум хабар дошт мегуд: – Чаноби Оли шароити мардум вазнинай, намебардора.. ЧО ба гапои у бовар намекунад ва бегохи хонаш рафта хаму либосои вакти раисиша (раиси совхоз) мепушаду ба яке аз кишлокхои наздик меравад. Дар кишлок як кулбаи факирро мебинаду мехмони медарояд. Сохиби хона, ки уро бо ин либос нашинохт, мехмонро сари дастархон таклиф мекунад. Руи дастархон гайр аз нону чой чизе набуд. Баъди камтар ош меоранд, ки гушт надошт. Вакти сухбат ЧО аз сохиби хона дар бораи шароити зиндагиаш пурсон мешавад. Сохиби хона мегуяд: -Шукри худо, мехмон, зиндаги гузашта истодааст, кам-кам кор када истодем, ду писарам дар Россия баъзе пул хам рохи мекунанд… Пагохи ЧО боз машварат ташкил мекунад ва хитоб мекунад: -Мегуен, ки шароити мардум вазнинай. Ман шаб хони як камбагалда мехмон шудам- нон дорад, бе канд бошадам чой дорад, бегушт бошадам ош мехурад. Бардорен андозора! Аз байн як сол мегузарад. Боз пул лозим аст. ЧО боз хамун таклифи 20% боло бурдани андозоро ба миён мегузорад. Боз хамун вазир мегуяд, ки шароит вазнинай, мардум намебардорад. Хамон бегох ЧО боз либосои кухнаша пушида хамон хонаи камбагал мехмони меравад. Бинад, ки дар чои он кулба стройка рафта истодааст. Сохиби хона дар як канор таги дарахт болои каравот дам гирифта шиштааст. Мехмона дида дархол мефармояд, ки дастархон кунанд. Дархол болои дастархон меваю хуришхои гуногун пайдо мешавад. Баъди камтар гуштбирён меоранд. Дар вакти сухбат ЧО боз аз у холу ахвол мепурсад. Сохиби хона мегуяд: – Шукри худо мехмон, зиндаги пеш рафта истодааст. Мана бачахоям аз Россия овардам ба ман ёри медиханд, кор бисёр… Пагохи ЧО машварат ташкил мекунад ва мегуяд: – Мана андозоя бардоштем шароити мардум хуб шудай, камбагал хона месозад, гуштбирён мехурад. Бардорен андозора! Соли сеюм боз пул лозим. Боз хамон гапо ва боз ЧО ба хамон хона мехмони меравад. Бинад, дар чои хамон кулбаи ду сол пешина як касри сеэтажа комат афрохтааст. Дар назди хона ду чипи Лексус. Даруни хона медарояду сохиби хонаро базур мешиносад- ба чои хамон камбагали логар як каллагафси шикамкалон уро пешвоз мегирад. Мехмонро шинохта сари дастархон таклиф мекунад. Дастархон пури нозу неъмат буд. ЧО аз у хол мепурсад ва дар чавоб сохиби хона мегуд: – Эх мехмон, зиндаги оличаноб, кор бисёр. Мачбур як фирма кушодам, як писарам муовин, дигараш бухгалтер ва боз 30 -40 та коргар гирифтем… ЧО хайрон мешаваду мепурсад: – Э мардак ту чи корай? Сохиби хона мегуяд:

- Эх ака ман ГУРКОВУМ, ГУРКОВ…

Нахудак пеш аз соли нав

19.12.2009

Медонед, чандин рўз аст, ки Нахудак барои таҷлили соли нави мелодӣ омодагӣ мегирад. Саргарм ба пешвозгирӣ шуду аз блогаш ҳам бехабар монд. Ҳатто надониста монд, ки шумори каладикакҳояш 1200-ро убур кардаанд. Барои ин аз Шумо хонандагони камшумори азиз аз самими қалб бпузиш мепурсад, ки нисат ба Шумо беэътиноӣ кард.

Нахудак дар ин рӯзҳо ба чӣ кор машғул буд?

Кам кам ба Шумо азизон аз ҳар гӯшае нақл мекунем.

Нахудак ва сагча

Нахудак ба куҷое мерафт, зуд деҳотӣ буданаш маълум мешуд :oops: . Аз маркази шаҳр хона гирифт, то фарзандонашро дар оянда шаҳрӣ номанд. Ҳамсояҳои наваш кару фар доштанд, мошинҳои пеши замон дар зери пояшон буд. Нахудак ба фикр рафт, ки чӣ кунад, то дар назди ҳамсояҳои наваш деҳотӣ набошад 8) . Ааа ёфтам, ба худ андешид Нахудаку аз бозор як сагчаро бо қиммати $700 ИМА харидорӣ намуд :) . Бо сагчааш ҳар бегоҳ баромада сайр мекард. Як бегоҳ бо сагчааш сайр мекард, ки як дӯсташ дар роҳ Нахудакро бо сагчааш дид. Баъди аҳволпурсӣ суол кард, ки Нахудакҷон ту дар хона ба сагчаат чӣ хӯрок медиҳӣ? Нахудак посух дод, ки мисли ҳамагон нону об медиҳам. Бай-бай, ана гап дар кучо? – гуфт дӯсташ ва идома дод, бародар барои ҳамин сагчаат ба сагчаҳои шаҳриҳо монанд нест. Барои он, ки сагчаат ба сагчаҳои шаҳриҳо монанд шавад, аз хӯрокҳое ба сагат деҳ, ки дар ТВ-ҳои Русия реклама мекунанд. Нахудак аз писари холааш, ки дар Русия мардикорӣ мекард, хоҳиш намуд, то барои саги ӯ хӯроки хушлаззате роӣ кунад. Писархолааш аз хӯрокҳои саги шефаш ду қуттӣ бо номи «Пидигре» (агар хато накунам), гирифта ба Нахудак роӣ кард. Саги Нахудак ду рӯз туй дошт. Чунон бо иштиҳо хӯрок мехурд. Нахудак ҳам фохир буд. Ин гапро монеду аз фардо дигар саги бечора бо тамом шудани хӯроки наваш дигар нону оби Нахудакро ба забон намебурд. Нахудак гӯшти косаашро ҳатто гирифта ба саг медод, саг бошад дигар ҳеч чиз намехурд :!: . Саги бечора як ҳафта чизе нахӯрда, ахир ҷон ба Ҷонофарин таслим кард. Нахудак аз сагча ҳам монду аз фохирагӣ ҳам :evil: . Бо ҳамин орзӯи шаҳрӣ будани Нахудак то соли нав ҳам давом накард… :lol:

Нахудак ва саҳмияи «Роғун»

Нахудак барои харид ба бозор даромад. Мева харид, қимматаш аз ҳаррӯза гаронтар буд 8O . Нон, кабудӣ, қанд, чизе мехарид, нисбат ба пешина гаронтар буд. Ба растаи тухмфурӯшон омад, қиммати тухм низ як баробар гарон буд. Билохира аз савдогарзан суол кард, ки хочаҷон ман харидори ҳамешагии шумоам, чаро якбора нархро боло кардед? – Эээ, писари хола. Ту ку аз Русия нав омадагӣ нестӣ? ;) – Ооо, холаҷон ман аз дари ҳамин бозор дуртар ҷоеро надидаам. :oops: – Бачем, ин тавр бошад, бояд хабар дошта бошӣ. Ҳама ҳозир барои фронти зарбдор кор карда истодаанд, аз ҷумла мо савдогарон низ. Мо ҳам тасмим гирифтем, ки минбаъд қиммати молҳоямонро бол окунем. – Барои чӣ охӣ? Чӣ сабаб шуд, хоҷон? Бетоқатона суол кард Нахудак. – Бачем, ба ҷуз аз ҳисобу китоби бозор мо 100% гарон барои он мефурӯшем, ки аз сохтмони номдори аср, аз иншооти муҳими таърихӣ, аз сохтмони НБО «Роғун» саҳмия харидорӣ намоем!!!

Нахудак ва занаш

Нахудак ба хона даромад. Аз марги сагаш дарун дарун месӯхт, аз гаронии қиммати маҳсулот дар бозор бошад, ҳамёнаш ба фарёд омада буд :x . Хост ба пеши занаш равад, ки занаш гуфт, қарори нави ҳукуматро фаҳмидед :idea: ? Нахудак ҳайрон нашуда ба занаш суоломез нигоҳ кард. Ӯ медонист, ки ҳукуматаш бо ягон қарори аҷоиботулғароиб қабул кардагист. Вақтҳои ахир аз ин ҳукумат ҳамачиро интизор шудан мумкин мегуфт :twisted: , Нахудак. Зани Нахудак бо рамуз ба сӯи шавхараш нигоҳ карду гуфт, минбаъд ба ман нигоҳ кардан пул меистад. :) – Чи хел бо? Ин ҳукумати ту ҳаминхелӣ қарор қабул кардааст? – Худи худаш барин. Агар аз ҳукумат иттилое гиред, сум медиҳед аз ин пас. – Ақли доштаатро ҳам хӯрдӣ, ту бекалла. Вай дар бораи кимчиву ту чӣ мегӯӣ? – О мардакҷон Шумо худакатон мегуфтед, аз иттилоҳои ҳукуматӣ ҳеч чиз гирифта намешавад, ҳама обшуста. Танҳо бо баҳонаи иттилое мегуфтед, ба кабинаҳо сар халонида чашмонамро аз нигоҳи зебову ронҳои аз зери миз намоёни котибаҳо об медиҳам. Агар ин тавр бошад, ҳукумат қарорро барои чашмони Шумо пулакӣ кардааст. Ба Шумо иттило неву духтарҳо маъқул буд ку? Акнун, ба ҳар назар ба ман ҳам пардохт кунед!!! Нахудак баъди фаҳмидани ин сухан оҳистаҳакак ба душ даромад. Чароғи каммасрафро ба лампаи иличӣ иваз кард. Лампаи навро гирон кард, то аз дӯши хунук баромада дар тафси он загараца кунад. Дигар ба гуфте оғӯши занашро ҳам ҳукумат ба ин баҳона пулакӣ карда буд. Хайр, мумкин то соли нав занак ягон муроот кунад гуфту худро болои курпа партофт, то гурдаашро аз лампаи иличӣ гарм кунад :idea: . Метарсид, ки печка монад, …

Нахудак ва БДА – 2

14.12.2009

Нахудак сафарашро идома дода, суруди дӯстмедоштааш, «Ман масту ту девона, Моро ки барад хона»-ро зам – зама мекард. Худро маҷбур мекард, ки мисли Парда Қосим хонад. Овозашро мекашид, боло мекарду поин меовард. Худ ба худ механдид, дигар ҳеч чароғакро низ нигоҳ намекард, суръат мисли самалёт буд.
Дар ин ҳангом корманди БДА-е ҷурак дар даст, ҳушт-ҳушт карда давидакунон баромад. Нахудак суръати мошинро нигоҳ дошта натавонисту ба нозири роҳ бархӯрд.
Ду пои нозир дар осемун омад. Нахудак то ана мана карда, рементро аз худ дур кард, ки нозир аз ҷояш баланд шуда, ба назди дари мошин омад. Нахудак намедонист, чӣ кор кунад. Зуд аз ҷояш рост шуда, гап назада, ҳамёнашро кушода, ба киссаи пеши нозир як сад доллари қатнашударо гузошт. Баъд гуфт, ака тинҷиай?
Нозири БДА гӯё ҳеч воқеае рух надода бошад,
оҳистакак мегӯяд: брат ҳамааш тупа туғрӣ, буху бга!!!!

Нахудак ва БДА

12.12.2009

Нахудак пас аз савдогарӣ мошин мехарад. Бечора дар замоне мошин харид намуд, ки БДА бастани рементро ҳатмӣ намуд. Қаблан ҳама ҳуҷҷатҳо ва он чизе, ки барои як ронанда ва мошин зарур аст, муҳайё намуд, то ба кормандони БДА ришва надиҳад. Нахудак аз хиёбони марказии шаҳри Душанбе сувори мошини худ, бо табъи болида, зери лаб замзама меард:

Даст ба руууууууууулу по ба гаааааааз, ҳушам ба сӯи духтараааак…

Дар ин ҳангом ҷӯраки корманди БДА баланд шуду ишораи манъ намудан кард. Нахудак мошинро манъ намуд. Нозири роҳ худро шинос карда, ҳуҷҷатҳои Нахудакро як-як аз назар гузаронд, пасу пеши мошинро ҳам дид, ҳама сад. Ба Нахудак рӯй оварда гуфт: ҷаноб рементро нобаста мегардӣ ку? Нахудак надонист, ки чи кор кунад. Ака, бори аввалай дигар такрор намеша, гуфт. Майлӣ барои бори якум буданаш 10 сомон аз Нахудак талаб кард. Нахудак дигар чорае наёфта 10 сомон садқаи сар гуфта дод. Хиёбони Рӯдакиро ба тамом нагузашта буд, ки нозири дигаре манъ кард. Нахудак то рементро аз худ ҷудо кард, ки нозир омад. Ҳуҷҷатҳоро аз назар гузаронид, аптечка пурсид. Нахудак бе анамана аптечкаро нишон дод. БДА чун огоҳ шуд, ки Нахудак ронандаи нав аст, даст ба ремент бурда, гуфт ааа ҷаноб ин рементро сахт набастӣ ку? – Ооо, бародар аз ин зиёд чӣ хел бандам??? – Не, ту правила гуфтанӣ гапро медонӣ? Барои қоидавайронкунӣ ҷарима гуфтанӣ гап ҳаст. Нахудак мақсадро нафаҳмид. Корманди БДА бе пошт-пошт аз Нахудак 10 сомонӣ талаб кард. Нахудак сарро хорида-хорида ришваро доду рементро сахт кард. Поро ба газ монд. Меравам, ба хона насиби ҳамин ронандагиаш ҳам не. Ғур – ғуркунон суръати мошинро баланд мекард. Баъд дар ҳол ба худ омада, ба фикраш 10 сомонӣ расид, сурхатро паст кард. Яке ҷуррррррроос баромад. Бало занад, зоғи сиёҳ шудем ку! Нозири паканае омода салом кард. Нахудак алейк нагуфта, суол кард. Ака, ҳамин бо ҷур-ҷуракат ҷур-ҷур кардӣ, намешуд, ки бо чут-чутакат ҷои манъ куниро ҳам нишон диҳӣ? Нозир ҳам паст наомада, братан худат дар ин роҳҳо одами нав метобӣ, кани ҳуҷҷатҳоят? Ҳуҷҷатҳоро аз назар гузаронд. Тагу болои мошинро ҳам синча карда нигоҳ кард. Нахудак дамаш аз даҳонаш намебаромад, то бубинад, ки ин чӣ айб меёбад. Нозир даст ба ременти Нахудак бурда гуфт: Брат барои 10 сомониак бо худта накушӣ, рементатро сусттар банд!!!!