Архив рубрики: Uncategorized

Барои замонаи мо

«Арабе дар биёбон мехост шутурашро рахо кунад. Гуфт: «Шутурчон, чун туро бисёр дуст медорам, намехохам бикушамат ва гуштатро бихурам. Пеш аз ин ки биравй, бигу, ки оё ман харгиз туро озор додаам. Харгиз бори зиёд ба пуштат нихода будам? Туро зада будам? Кори баде дар хакки ту карда будам?» Шутур мегуяд: «На» ва билофосила гиря мекунад. Сохиби шутур мепурсад: «Пас чаро гиря мекунй?» Шутур мегуяд: «Ту вокеъан сохиби хуб будй. Хуроку оби маро пайваста медодй. Вале харгиз як чизро фаромуш нахохам кард. Вакте ки ба хач мерафтй, лагоми маро ба думи харат баста будй».

Дуои Нахудак ва ҷавоби сарвари ҳукумат

Яке аз аъзоёни тими ҳукумати Тоҷикистон аз Нахуд қарздор мешавад. Нахудак ин тараф мезанад, он тараф мезанад, ҳеч илоҷе намеёбад, ки қарзашро баргардонад. Он мард ҳам ҳар рӯз баҳонаҳои нав ба нав пеш меорад. Ахиран, аз дасти Нахудак ба дод омада, худашро баробари дидани Нахудак пинҳон мекунад.
Нахудак, ягона роҳи ҳалро шикоят ба сарвари ҳукумат мебинад. Ва роҳ пеш мегирад, ба дарвозаи ҳукумат наздик мешавад. Касе барои вурӯди ӯ иҷоза намедиҳа. Хуллас, бо сад найрангу ҳилла ва бо ришва диҳӣ вориди ҳукумат мешавад. Дар қабули сарвари ҳукумат мешинад. Ду пояшро дар як мӯза мемонад, ки то сарваратон маро қабул накунад, аз ин ҷо хориҷ намешавам.
Нахудакро сарвари ҳукумат қабул мекунад. Нахудак чи дарду аламе аз дасти қарздораш дошт, ба сарвари ҳукумат арз мекунад.
Сарвари ҳукумат мегӯяд, писарам интизор шав, қарзатро бармегардонад. Нахудак, мебинад, ки аз сарвари давлат низ ба ӯ кӯмаке нест, ба зора даромада дуо мекунад, ки Иллоҳо рӯи Биҳиштро набинад.
Сарвари ҳукумат дили Нахудакро тасин доданӣ шуда, фавран ҳозирҷавобӣ мекунад: Нахудакҷон зиқ нашав, ман ба ту кафолат медиҳам, ки аз тими ман касе ба Биҳишт роҳ намеёбад!!! 

Адреси Худо

Як Помири аз Дангара ба мошинуш гзаштестай баъд пеши як бозорчада маън мекна ки ягон чи бхра.Яке як хонаи калони хушрура мебина ба ай як мусафеди хамончора мепурса ки:
-Бобо! ин хонаи кияй?
Мусафед мега:
-Бачам и хонаи Худо аст (масчита мега).
Помири кайф мекнаву мега:
-Ма падазреват мекардум лекин точна намедонистм ки Худо хам ай Дангараай!!!

Нахудак дар интизории Эмомалӣ

Нахудак чандин рӯз шуд, ки дар Биҳишт қарор дошт. Аз гӯлуяш на об мегузашту на дон. Хобаш ҳам парида буд. Чандин сол қабл ба Эмомалӣ Раҳмон сарвари Тоҷикистон қарз дода буду то ҳол он бошад, қарзаш барнамегардонд. Чандин бор ба наздаш ҳам рафт, гуфт, агар як бори дигар ба наздам, биоӣ номатро дар рӯйхатам аз ҳама охир-да менависам, 5 соли дигар мегардӣ. Нахудак, суол мекунад, ки чи тарӣ бо рӯйхат аст? Ӯ мегӯяд, ки рӯйхате, ки ту барин қарздорҳо пеши ман меоянд. Нахудак ҳайрон мешавад, ки ман қарздорам, ё ин мард. Хуллс, Нахудак қарзашро дар ин дунё рӯёнда натавонист. Азм кард, ки ба дари Биҳишт рафта мешинад, ҳамин ки Эмомалӣ Раҳмон омад, то қарзашро барнагардонад, намемонад, ки аз дар ворид шавад. Ҳамин тавр Нахудак хуру обро гумм карда, интизори президенти Тоҷикистон дар назди дарвозаи Биҳишт менишаст.
Аз қазо чашми чашми нозири Биҳишт ба Нахудак афтод. Пас аз аҳволпурсӣ сабаби дар ин ҷо хайма задании Нахудакро пурсон шуд. Нахудак асли қазияро нақл кард. Нозир ба ҳоли нодонии Нахудак хандида хуб хандида, пас гуфт ҷоятро ту бояд иваз кунӣ, чунки аз соли 1994 инҷониб аз командаи ҳукумати Тоҷикистон касе дар биҳишт ҷой нагирифтааст, барои ҳамин рафта дар назди дари дӯзах интизор шав!!!

Нахудаки МУАЛЛИМ

Дар замони вазири маорифи Тоҷикистон будани Абдуҷаббор Раҳмонов Нахудак дар мактаби миёна ба толибилмон аз фанне, ки пеш меомад дарс медод. Аслан, ӯ мактаби миёнаро бо баҳои ғайриқаноатбахш карда буд . Дар вохӯрие чашми Абдуҷаббор Раҳмонов ба Нахудак афтиду ӯро барои дарс додан ба мактаб ҷалб намуд.
Нахудак аз фанни таърих дар мактаб дарс мегуфт. Рӯзе дар синфи 10 дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳон қиссаҳо мегуфт. Дар охири дарс аз талабаи фаъоли синф суол кард: марҳамат карда гӯед, ки пас аз ҷанг Германияро ки гирифт?
Талаба аз ҷояш рост шуда мегӯяд: муаллимҷон дақиқ медонам, ки ман нагирифтам. Нахудак фикр мекунад, ки шогирдаш шӯхӣ дорад, боз суолро такрор мекунад.
Ин навбат талабаи фаъоли синф ҷиддитар посух медиҳад, ки муаллим ман нагирифтам ва намедонам, ки Германияи Шуморо кӣ гирифтааст.
Нахудак сари ҷаҳл мегӯяд, ман медонам, ки ту нагирифтӣ. Ба ман ҷавоб деҳ, ки кӣ Германияро пас ҷанг гирифт?
Талаба ба гуфте «ду пояшро дар як мӯза монда» исрор меварзид, ки ман нагирфитаам ва намедонам, ки кӣ гирифт.
Нахудак пас аз дарс ба хонаи талаба меравад. Модари шогирдаш Нахудакро пешвоз мегирад. Нахудак мегат, ки ман вақти шиштан надорам, ба сари фарзанди шумо омадам. Ману шумо ва шавҳаратон дар мактаб баробар таҳсил мекардем, медонам, ки дар мактаб аз манн шумо хубтар таҳсил мекардед, вале намешавад, ки ба ҳамин фарзандатон низ каме аҳамият диҳед?
Модари талаба суол мекунад, ки чаро?
Нахудак мегат, ки дар дарс суол додам, ки Германияро пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон кӣ гирифт, писари шумо мегат, ки ман нагирифтам ва надидаму намедонам, ки гирифт.
Модари талаба ду даст ба сару рӯяш бурда мегӯяд. Муаллимҷон фарзанди ман рост гуфтааст, охӣ. Фарзандҳои ман чунин тарбия ёфтаанд, ки чизе дар дасташон афтад, рост ба пеши мо меоранд. Ягон бор дар дасти Писарам то ҳол Германияро надидаам, садқаи суханатону қадамҳои омаданатон, агар дар хона мебуд, бармегардонидам.
Нахудак даст афшонда аз дарвозаи хонаи шогирдаш берун мерашавад. Келинчаке дар назди дарвозаи ҳамсоя кӯчаро ҷорӯб мекард, Нахудакро дида қоматашро рост намуда салом мегӯяд. Нахудак ҷавоби салом медиҳад.
Келинчак низ соле пеш шогирди Нахудак буд, аз ин рӯ аз Нахудак суол мекунад, ки муаллим ба хайр аст, дар кӯчаҳои мо?
Нахудак асли воқеаро нақл мекунад. Келинчак муаллим наздик шуда, паст паст мегӯяд. Муаллимҷон, одамашро ёфта пурсидед. Германияи гуфтагиатонро сағираи бачаи ҳамсоя гирифтагӣ. Инҳо авлодан ҳамин хел, ҳамачиро, ки ба дасташон афтод рост ба хона меоранду мукир мешаванд, ки мо нагирифтем. Муаллиҷон Германияро ҳаминҳо гирифтагӣ рост ба милиса диҳедашон  .
Нахудак бо як ҳасрат аз муаллими шудааш пушаймон роҳ ба сӯи вазорат пеш мегирад, ки агар Абдуҷаббор Раҳмонов ба дасташ афтад, аз нохунҳои пояш ба дор овезад.

Нахудаки сартарош


Нахудак ҳамчун устои номвар дар минтақа ном бароварда буд. Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон Нахудакро ба вазифаи сардори сартарошҳои дарбораш таъин мекунад.
Ислом Каримов бо кару фарри ба худ хос омад, дар рӯи роҳаткурсӣ нишаст. Нахудак латуву дигар асбоб ба назди президент омад. Каримов як ин сӯ он сӯяшро синча карда, аз оина нигоҳ карда, ба Нахудак амр кард, аз ёни гӯш сар кун. Болояшро каме зиёдтар мон, яке монда мекунам гуфта ранги Дима Билан накунӣ.
Нахудак ба кор оғоз кард. Ӯ бори нахуст, мӯйи сафеди Ислом Каримовро паст мекард. То ин вақт дигар устоҳо аз зиммаи паст кардани мӯйи ӯ набаромада буданд. Чун мӯяш хеле сахт, мисли мӯи хар буд.
Нахудак даст ба қайчӣ бурд, қайчӣ аз сахтии мӯй шикаст. Мошина аз кор баромад. Мӯйи Каримовро молиш дода, беихтиёр ба зам-замаи Роғунҷонуме ба ҷонут гардаме, Роғун, Роғун…
Такрор ба такрор мехонд, ки мӯйи сахти Каримов рост шуд. Нахудак зам-замаи сурудашро ба авҷи аъло расонда, даст ба тарошидани сари Каримов бурд.
Каримов ба пас нигариста ба Нахудак гуфт, дигар суруд наёфтӣ, Ки Роғун мехонӣ?
Нахудак, дар чавоб ба суоли Каримов  посух дод:
— Ҳар боре, ки номи Роғунро ба забони меорам, ҳар тори мӯят, чунон рост мешавад, ки даҳони бинанда воз мемонад.

Нахудак дар интизори фарзанд

Нахудак бо занаш солиёни дарозе дар ҳасрати доштани фарзанд ба сар мебурданд.  Аз ҳар кас маслиҳат мепурсиданд, ҳеч нафъе набуд. То ин ки ба назди кашиши шаҳрашон рафтанд.
Нахудак мушкилашро ба кашиш фаҳмонд. Кашиш дар ҷавоб гуфт, нороҳат набошед, мутмаинам, ки Худованд дуои Шуморо шунида, ба зудӣ фарзанде ато хоҳад кард. Дар идома кашиш гуфт, қасд дорам, ба шаҳри Рум биравам ва муддате дар он ҷо иқомат дошта бошам. Ваъда медиҳам, ки вақте ба Ватикан рафтам, барои иҷобати дуои Шумо шамъе гирон мекунам.
Баъдан кашиш гуфт, ки ман пас аз 15 сол бармегардам. Кашиш қавл медиҳад, ки дар вақти бозгашт ҳатман аз ҳоли инҳо бохабар мегардад.
15 сол гузашт, кашиш дубора ба шаҳр баргашт. Як нимарӯзи тобистон ба ёди кашиш Нахудак мерасад ва ба сӯи хонаи ӯ меравад.
Ба назди дар меояд, зангӯларо мезанад. Аз дарун садои кӯдакони зиёде мебарояд. Кашиш хурсанд мешавад, аз дар ворид мегардад, ки кӯдакони зиёде ба ҳамдигар шавқун доштанду ба сари ҳам бозӣ мекарданд. Онтарафтар зане маҳзун меистод. Кашиш гуфт, мебинам, ки дуоятон мустаҷоб шудааст, соҳиби фарзанд шудед, бигӯ шавҳрат дар куҷост?
Зан маъюсона ҷавоб дод: Вай нест… Ҳамин алъон хонаро ба қасди Рум тарк кард.
Кашиш пурсид: Шаҳри Рум? Барои чи ба он шаҳр рафтааст?
Зани Нахудак посух дод: Рафтааст, то он шамъе, ки Шумо ба хотири мустаҷоби дуои мо монда будед, хомӯш кунад!

Мурољиати Нахудак


Аз он тољиконе, ки дар аврупо ба сар мебаранд, хоњиш мекунем. Агар дилатон барои Тољикистони азиз заррае бисўзад, ба Ватикан равед. Мумкин, ягон шумќалиќе барои Њукумати Рањмон шамъе мондаасту мо бехабар мондаем. Кассе тавонад, як сари ќадам рафта бинад, мо интизор. Аз ин амали Ватанпарастонаи Шумо сарамон ба осмон мерасад.
Мутаассифона ваќти бозгашт аз Ватикан ба сарам ин андеша омад, но худам албатта медидам. Агар касе барои ў шамъе намонда бошад, барои зудтар рафтани ин њукумат шамъе монед.

Бо як љањон орзу аз Нахудак Кунљковпур

Нахудаки БЕОДОБ

Салом ба Хонандагони гиромии торномаи мо! Ба гуфте шодем аз он, ки Шумо бо моеду мо бо Шумоем. Нахудак ин навбат як беодобии сахт мекунад, аз ин рӯ қаблан аз Шумои азиз пӯзиш мепурсем. Рафтем, то гуфтори беодобии Нахудакро хонем.

Боймуҳаммад Ниёзов (Худо раҳматашон кунад) сарояндаи маҳбуби пиронсолони тоҷик дар яке аз толорҳои бузурги шаҳри Хуҷанд консерт мемонад. Устодро коре пеш меояду аз консерти худашон дер мекунанд. Ҳамаҷояш саршори об буду ба дари толор расид, кассир ҳофизро намонд, ки ба толор ворид шаванд.

— Э бачем, ман ҳофизам, манро мардум интизор, ту чӣ кор карда истодаӣ?

— Ту чихелӣ ҳофизӣ, ки дер мекунӣ, дурӯғ нагӯ, билет хар, пас иҷозат. Боймуҳаммад Ниёзов маҷбур билетро харида ба консерти худаш медарояд. Сурӯди аввалине, ки оғоз кард, «Эй ҷони ман асират» буд. (Шумо ҳам ранги эшон хонед)

Эй ҷони ман асират, к-рам дар к-ни кассираааааааааааааааат)))

Зӯр зада ҳамин мисраро такрор ба такрор мехонд, касе хит намекард. Билохира, фарзанди кассир мефаҳмаду садо баланд:

— Эй, ҳофиз ту чӣ гуфтаистодаӣ, вай кассир дадои ман мешуд?

Ҳофиз мегӯяд, кассир дадои ту мӣ?

— Бале, дадои ман. Пас, сароянда такрор ба такрор сароиданро сар мекунад:

— Эй ҷони ман фидоят, к-рам дар даҳони дадоятееееееееееееееееееее!!!!!!!!!

Нахудак дар ҳимояи ҲУКУМАТ

Нахудак дар кӯча ҷӯгиҳои зиёдеро пеш-пеш карда ба маҳкама бурд. Ба милисаҳо гуфт, инҳоро маҳкам кунед! Сарвари милисаҳо сабаб пурсид. Нахудак, даъворо сар кард. Шумо чӣ тавр худро ҳомии ин ҳукумат меномед? Шуморо посбон мегӯянд, Шумо чиро нигоҳ карда мегардед? Нони даҳони ҳукумати Шуморо бартамом кашида гиранд, пас Шумо ба кӣ заруред?

Сарвари милисаҳо сухани Нахудакро бурида, гуфт: — Мӯҳтарам, шаҳрванд Шумо рӯшантар сухан кунед, чӣ воқеа рух додааст?

— Эээ, Шумо, гуфта Нахудак боз суханро сар кард, ҳаминҳоро намебинед?

— Бале, дида истодаам, як тӯда ҷӯгиҳои пойлуч, ки корашон гадоӣ аст, посух медиҳад сарвари милисаҳо.

— Ана ҳама гап сари ҳамин пойлучҳо меравад. — Мӯҳтарам, шаҳрванд ман мақсади Шуморо нафаҳмида истодаам. Чаро ин ҷӯгиҳоро маҳбас кунам, ба ҷуз гадоӣ боз чи кор карданд?

— Худатон медонистеду боз худро ба нодонӣ мезанед. Барои гадоияшон ба маҳбас кашед!

— Магар гадоӣ ҳам сабаб ба маҳбас кашидан мешавад?- мепурсад милиса.

— Чаро нашавад, нони даҳони ҳукуматро кашида гирифта истодаанд. Ҳукумат бо гадоӣ шиками Шуморо базур сер карда истодааст, касби ҳукуматро гиранд, ҳукумат бо чӣ чора мебинад?

Корнамоиҳои НАХУДАК

Нахудак дар хидмати Каримов

Амалҳои Нахудакро дида, Ислом Каримов курта-курта гӯшт мегирад. Ҳар рӯз Нахудакро васф мекунад. Обрӯи Нахудак дар пеши Ислом Каримов ба осмони ҳафтум дака мехӯрд. … Аз қазо ҳардуяшон рӯ ба рӯ мешаванд. Нахудак ба Ислом Каримов мегӯяд, дар дунё ягона президент ту ҳастӣ, ки маро таъриф мекунӣ. Барои ин хидматҳоят ман ба ту чӣ хизмат карда метавонам?

 Ислом Каримов хандида мегӯяд, аз дасти ту чӣ хизмат меояд, ки барои мани президент ба ҷо орӣ? Нахудак мегӯяд, туро дар атрофи Тоҷикистон давр мезанонам, то Роғунро бубинӣ. Имлом Каримов чун аз ҳама каромотҳои Нахудак воқиф набуд, суол мекунад, ки чӣ тавр маро давр мезанонӣ?

 — Ба болои ду китфам бардошта, ба як мижазанӣ ба Роғун мерасонамат, мегӯяд Нахудак.

Ислом Каримова розӣ мешавад. Нахудак ӯро ба китфаш мебардорад. Аз қасраш берун нашуда Каримов аз Нахудак хоҳиш мекунад, то қазои ҳоҷат намояд. Нахудак мегӯяд, ба ту иҷозат аст, дар ҳаминҷо кардан гир.

Билохира Каримов дар осмон қазои ҳоҷат мекунаду ба худ меларзад. Ларза дар баданаш намонда, сарашро баланд мекунад, ки дар рӯи мизи кориаш ғанаб кардаасту ҳамаҷояшро ахлоту пешобаш пур кардааст!!!

Нахудаки ғоратгар

Сарони кишварҳои ИДМ дар нишасте гирди ҳам меоянд. Пас аз танаффуси нисфирӯзӣ як-як омада ба ҷои худ менишинанд. Дар ин миён Нахудак дар даст яроқ аз дар ворид мешавад. Ҳамагонро маҷбур мекунад, ки аз ҷойҳояшон рост бишванду дастҳояшон бар пӯшти сар бардоранд. Чун чорае намебинанд, чи амре аз ҷониби Нахудак садо медод, бе каму кост ба ҷо оварда мешуд. Нахудак ба ҳамагон амр мекунад, ки ҷайбҳояшонро холӣ кунанд. Ва чӣ маблағе доранд, дар рӯи миз монанд. Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ҳоло аз сари хӯрок нахеста буд, вақте ба маҷлисгоҳ ворид шуд, ки ҳамагон даст ба ҷайбашон мебурданд. Нахудак Эмомалиро дидан замон, шабпаракбарин худашро аз тиреза берун партофт. Ҳама бо чашми ҳайрат ба ҳамдигар менигаристанд, ки ба ин ғоратгар чӣ шуд, ки Эмомалиро дида гурехт? Дар ин замон дастҳои Нахудакро ба пӯшт баста, аз дар оварданд. Президенте суол кард, мақсади туро фаҳмидем, ки ғоратгарии сарварони давлатҳо буд. Аммо сабаби Эмомалиро дида фирор карданатро нафаҳмидем?

Нахудак сар ба зер афканда, гуфт: агар маблағҳои шуморо мегирифтам, албатта Эмомалӣ пеши ман барои гирифтани қарз меомад, аз ин рӯ гурехтам!!!

Нахудак ва президент

Нахудак ба назди Эмомалӣ Раҳмон меояд. Аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш мекунад, ки қарзи маро баргардон. Нахудак мегӯяд, дар замони бӯҳрон ҳаминқадар тоқат карда мешавад, ба худам ҳам маблағ зарур аст. Эмомалӣ Раҳмон ба фикр меравад, пас сарашро бардошта рӯй ба Нахудак меорад ва рӯйхатеро ба ӯ дароз мекунад. Номи Нахудак дар ин рӯйхат дар ҷои 25-ум қарор дошт. Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, номатро дидӣ дар чандум аст?

— Бале, мегӯяд Нахудак ва ба Раҳмон суол мекунад, ки пас ман чӣ кор кунам? Дӯстӣ, дӯстиву ту ба ман маблағамро бозгардон.

 — Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, агар як бори дигар ба наздам биоӣ номатро аз рӯйхат хат мезанам. Ва агар ба худам ришва диҳӣ, номатро аз ҳама аввалда менависам!!!

Нахудак ва ризқи ГОВ

Нахудак ба писараш супориш медиҳад, ки говро ба чаро бубар. Аз кор бармегардад, ҳамсараш мегӯяд, Шумо рафтеду писаратон говро ба чаро набурд. Нахудак сари қаҳр ба хона даромада, писарашро ҷанг мекунад, ки чаро говро ба чаро набурдааст?

Писараш мегӯяд, зимистон аст, дар чарогоҳ алаф нест, аз говро бурдани ман чӣ фоида, ки гов сер намешавад. Нахудак мегӯяд, агар ин тавр бошад, ба роҳи асфалт бурда банд. —

О, падар дар асфалти қоқ гов чӣ мехӯрад? — Ту як бачаи бекаллаи нопухта будаӣ. Ҳамин қадар корманди БДА дар асфалти қоқ ризкашонро ёфта хӯрда истодаанд. Гови мо ҳам наход дар қатори ҳамонҳо ризқашро дар он ҷо ёфта натавонад???