Мактуби Нахудак ба Бобои барфӣ

Ба Тоҷикистони азиз соли нави мелодӣ наздик меояд. Гӯё чизе дар зиндагӣ нав мешуда бошад, вале дар асл ҳама яксон аст, оне ки буд ҳамон. Вале дар ин шабу рӯз Нахудакро ташвишест болотар аз ҳама. Ӯ дигар аз Бобои барфӣ шоколаду киндер, шарику кимчии дигар намехоҳад. Ҳадафҳои ӯ тамоман нав шудаанд, ӯ на танҳо хушрӯзии худро балки хоҳон аст, атрофиёнаш низ дур аз қошоқӣ бизианд. Дар ин шабҳои охири сол барои баровардани ғуса аз тангнои дил даст ба рӯи ҳарфҳои роёна бурд, то ба Бобои барфӣ мактуб бинависад. Барои навиштан ангуштони Нахудак хеле пурқувватан, агар қаблан мегуфтанд, ки қалами фалонӣ тез аст, акнун мод шудааст, ки бигӯянд, ангуштонаш рӯи ҳарфхои роёна зебо медаванд. Ангуштони Нахудак ҳам ба рӯи ҳарфҳои роёна медавинданду саҳифаи сафед то рафт рангашро иваз мекард.

Мактуби Нахудак ба Бобои барфӣ

Мактуб ба Бобои барфӣ аз номи Нахудак ибни Кунҷкобпур.

Нишонии Нахудак: Ҷумҳурии Галактика, шаҳри Офтоб, кӯчаи Маҳтоб, бинои Рӯи об, хонаи Таи об.

Бобоҷон пеш аз ҳама салом!!! Ба самъи Шумо расонам, ки дар ҷаҳон миллате ҳаст бо номи тоҷик, ман аз ҳамон миллат. Бобоҷон, суханҳои маро шӯхӣ напиндоред, ман рост навишта истодаам. Ман ҳар вақте Шуморо медидам, аз кулворатон ба мо тӯҳфаҳо медодед. Дигар манро ин тӯҳфаҳои кӯдаконаи Шумо қонеъ намекунад, ман аз Шумо хоҳиши бузургтаре дорам, ки онҳоро як як ба дар зер менависам. Илтимос, натарседу ба ман ҷавоб гардонед. Бобоҷони ҷони ҷон!!! Ин гапора фақат ба Шумо мегӯям, бо ба ягон каси дигар нагӯед. Ин сирри миёни ҳардуямон. Агар иҷро карда тавонед, савоби 7 миллион мардум дар гардани Шумо аст. Аз Шумо илтиҷо мекунам, ки дар кулворатон барои мо неъмате бо номи ДЕМОКРАТИЯро биоред. Мегӯянд, дар аврупо пури пур аст, чӣ мешавад, ки камтар ҳам бошад, меовардед, то рангашро мо ҳам медидем. Эҳтиёт шавед, ки дар роҳ гумрукчиён ин тӯҳфаро набинанд, вагарна бурда ба ҳукумат медиҳанду онҳо худашон мегиранду ба касе тақсим намекунанд. Мегӯянд, ки ДЕМОКРАТИЯ дар худ, баробарӣ дорад, озодии сухан дорад, ҳукумати мардумӣ дорад, аз ҳама муҳимаш мардум ба доди мардум мерасидаанд. Бобоҷон илтимос, бо ягон ДЕМОКРАТИЯи китайскӣ набиоред, ки ҳозир ҳамаҷо ҳаминхелӣ пур шудааст. Дар мо мегӯянд, ки ДЕМОКРАТИЯ ҳаст, вале ин аз асосиаш набудааст, чӣ? Барои ҳамон Шумо асосиаша биоред!

 Бобоҷони асали ман!!! Хоҳиши дигари ман аз Шумо КАДР ном дорад. Дар ҷое, ки мо зиндагӣ мекунем, КАДР намерасидааст. Як вақт сарвари давлатамон ҳам гуфта буд, ки дигар дар киссаи ман КАДР намондааст. Мумкин киссаҳои ӯ майда бошаду КАДРҳояш зуд тамом шудаанд? Барои ҳамин Бобоҷон кулвори Шумо калон аст, ку бисёртар биёред. Бобо аз КАДРҳои шикамғавсу каллакалон набиёред, ки кулворатон зуд пур мешавад. Чунки дар киссаи сарвари давлатамон ҳаминхелиҳош буден, барои ҳамон бармаҳал тамом шудааст. Бобо агар КАДР китайскӣ ё японскӣ бошад зур, дар ин бора китайскиаш фиреб намедиҳад, инхелиҳош майда дар кулворатон бисёр оварда мешавад. Вале тоҷик бошад, ки бо ман дар бало гирифтон нашавам, ҳамаҷоя беҳамин ҳам хитойчаҳои бекадраш гирифтагӣ.

Бобоҷони қанду набот!!! Шумо ИНСОФ гуфтани неъмати Худоро мешиносед? Дар куҷое дидед, аз гӯшҳояш қапида биёред, хеле ва хеле ба мо зарур аст. Дар кишвари мо ба ИНСОФ қаҳт задаст. Аз дасти набудани ин неъмат ба бозор даромада намешавад, вале Бобоҷон ҳамаҷо бозор шудааст, аз набудани ин. Идораи раис ҳам, кабинаи муаллиму духтур ҳамаҷо аз дасти набудани ИНСОФ бозор. Бобо агар ИНСОФа соф исломеша биоред, боз беҳтар.

Ба ришҳои сафедатон садқа, Бобоҷон!!! Дар кишвари мо баъди омадани Шумо интихоботи парлумонӣ мегузарад. Барои ҳамин хушбахтона ба хотирам расид. Дар интихобот мегӯянд, АДОЛАТ ва ШАФФОФИЯТ аз ҳама чизи асосӣ будааст. Барои ҳамин президентамон ҳам гуфтанд, ки ман кафолат медиҳам. Вале бовар дорам, ки зӯри як он кас барои овардани АДОЛАТ ва ШАФФОФИЯТ намерасад, барои ҳамин ба Шумои азиз муроҷиат мекунам. Хамин ду чиз набудааст, барои ҳамон дар интихоботи парумонии гузашта дар соли 2005 фақат намояндагони ҲХДТ гузаштаанд. Худатон то омаданатон як фикр карда бароед, ки аз ҳама куҷоескиш зур. Ба фикрам ҳамин американскиаш зурай Бобо. Як Обамаи мусулмонзодаи сиёҳпӯст бо ёрии АДОЛАТ ва ШАФФОФИЯТ дар интихобот президент шуд. Боз худатон донтар дар ягон ҷо зураша биёред.

Бобоҷони яктои ман!!! Агар ҳамаи ин чизҳоро ореду як чиро наоред, ҳама хизматҳоятон ба як тини сиёҳ намеарзад. То ҷон доред, ДОНИШ ҳам биоред. Агар наоред, ин тӯҳфаҳои овардаатон дар миёни ду рӯз то аз инҷо рафтани худатон тамом мешавад. Коре кунед, ки ин ДОНИШро баъд инҳо аз даст надиҳанд. Роҳи нигоҳ доштанашро худатон вақти овардан ҳатман фаҳмонед. Гузаштагони инҳо ҳама доно буданд. Вале имрӯз ба фикрам кадом Бобои барфӣ аз инҳо ДОНИШро гирифта, ба ҳамсоякишварамон Узбакистон бурда додааст, ки онҳо тамоман дигар шудаанд. Бобо хавотир нашавед, ман худам кулворатонро бо чанд «неъмат»-и дигар пур мекунам. Шумо ҳамчун савхотӣ ба ивази тӯҳфаҳои овардаатон ба дигарҷо мебаред, ки дар он ҷойҳо нест. Пеш аз ҳама ба Шумо АВТОРИТАРИЗМ ва ДИКТАТУРАро медиҳам. Бовар кунед, президентҳои дигарҷо ин неъматро надоранд. Барои ҳамин ин тӯҳфаи шоҳонаи Шумо барои дигарҳо мешавад. Чизи дигар, ки дар ҷои мо хеле реша давондааст, МАҲАЛГАРОӣ мебошад. Бо тамоми ҳастиаш ба Шумо медиҳам. МАҲАЛГАРОИРро тамоми мансабдорон аз президент сар карда дӯст медоранд. Ин ба президентҳои дигар ёрӣ медиҳад, ки ҳукуматашонро бо наздиконашон тақсим кунанд. Албатта, барои бой шудани онҳо КОРРУПСИЯро низ бегуфтугӯ аз мо бурда метавонед.

Бо ҳазору як умед, дуогӯи Шумо Нахудак

Дӯстони азиз! Ин мактубро пеш аз равон кардан, дар торнома мондам, ки Шумо хонед. Агар ягон тӯҳфаи дигаре аз Бобо хоҳиш доред, нависед, ман ба мактуб илова мекунам. Ҳамчунин аз хотир набароред, ки бар ивази тӯҳфа ба Бобо чӣ пешниҳод мекунед. Бобо албатта ба Интернет дастрасӣ дорад, мумкин дар ҳамин ҷо хонад, барои ҳамон фурсатро аз даст надиҳед, ки соли нав-соли 2010 меояд!!!

Меҳмонони НАХУДАК

Хонандае бо ном Forsage дар замимаи матлабҳо ду латифа навиштааст. Чун ҳар ду латифа ҳам хонданибобанд, ба рӯи саҳфа овардем.

Латифа аз Forsage:

Дурусттараш ин вокеият, ки аз як шохиди он шунида будам. Чанд сол аст, ки ОБСЕ дар Точикистон барои чавонон лагери тобистона ташкил мекунад. Аксар вакт он дар яке аз истирохатгоххои Кайроккум ташкил мешавад ва ба он аз тамоми гушаву канори Точикистон чавонон таклиф мешаванд. Дар ин лагер чавононро бо асосхои сиёсат, интихобот, давлатдори ва гайра шинос мекунанд. Барои вохури бо чавонон намояндагони ахзоб хам бо навбат ташриф меоранд. Ду-се сол пеш як гурух чавононро барои вохури бо раиси КМИР Мирзоалй Болтуев ба Душанбе мебаранд ва дар он чо бо у гуфтугу ташкил мекунанд. Яке аз чавондухтарони русзабон, ки хеле фаъол буд савол медихад: — Уважаемый Мирзоали Болтуев, выборы 2005 года по мнению некоторых наблюдателей из ОБСЕ проходили с многочисленными нарушениями и активным вмешательством местных органов власти. Ваше мнение по этому поводу? Мирзоалй Болтуев бо дахони кушода уро гуш мекунаду ба шахсе, ки канори у нишаста буд менигарад ва мегуяд: — Ин чи мега?

***

Чаноби Оли машварат бо вазирону мушовиронаш ташкил мекунад ва мегуяд: — Мана таргибу ташвик кардем, сахмия фурухтем ин пули лозима барои пардохти карзи Сангтудаву фьючиристони пахта пайдо нашуд. Мо бо фикр када будем барои Рогун хам каме сарф мекунем. Хама хомуш. Баъд идея аз худи Чаноби Оли мебуроя. — Биёед андозора 20 фоиз мебардорем… Хамин вакт яке аз вазирон, ки камтар аз сатхи зиндагии мардум хабар дошт мегуд: — Чаноби Оли шароити мардум вазнинай, намебардора.. ЧО ба гапои у бовар намекунад ва бегохи хонаш рафта хаму либосои вакти раисиша (раиси совхоз) мепушаду ба яке аз кишлокхои наздик меравад. Дар кишлок як кулбаи факирро мебинаду мехмони медарояд. Сохиби хона, ки уро бо ин либос нашинохт, мехмонро сари дастархон таклиф мекунад. Руи дастархон гайр аз нону чой чизе набуд. Баъди камтар ош меоранд, ки гушт надошт. Вакти сухбат ЧО аз сохиби хона дар бораи шароити зиндагиаш пурсон мешавад. Сохиби хона мегуяд: -Шукри худо, мехмон, зиндаги гузашта истодааст, кам-кам кор када истодем, ду писарам дар Россия баъзе пул хам рохи мекунанд… Пагохи ЧО боз машварат ташкил мекунад ва хитоб мекунад: -Мегуен, ки шароити мардум вазнинай. Ман шаб хони як камбагалда мехмон шудам- нон дорад, бе канд бошадам чой дорад, бегушт бошадам ош мехурад. Бардорен андозора! Аз байн як сол мегузарад. Боз пул лозим аст. ЧО боз хамун таклифи 20% боло бурдани андозоро ба миён мегузорад. Боз хамун вазир мегуяд, ки шароит вазнинай, мардум намебардорад. Хамон бегох ЧО боз либосои кухнаша пушида хамон хонаи камбагал мехмони меравад. Бинад, ки дар чои он кулба стройка рафта истодааст. Сохиби хона дар як канор таги дарахт болои каравот дам гирифта шиштааст. Мехмона дида дархол мефармояд, ки дастархон кунанд. Дархол болои дастархон меваю хуришхои гуногун пайдо мешавад. Баъди камтар гуштбирён меоранд. Дар вакти сухбат ЧО боз аз у холу ахвол мепурсад. Сохиби хона мегуяд: — Шукри худо мехмон, зиндаги пеш рафта истодааст. Мана бачахоям аз Россия овардам ба ман ёри медиханд, кор бисёр… Пагохи ЧО машварат ташкил мекунад ва мегуяд: — Мана андозоя бардоштем шароити мардум хуб шудай, камбагал хона месозад, гуштбирён мехурад. Бардорен андозора! Соли сеюм боз пул лозим. Боз хамон гапо ва боз ЧО ба хамон хона мехмони меравад. Бинад, дар чои хамон кулбаи ду сол пешина як касри сеэтажа комат афрохтааст. Дар назди хона ду чипи Лексус. Даруни хона медарояду сохиби хонаро базур мешиносад- ба чои хамон камбагали логар як каллагафси шикамкалон уро пешвоз мегирад. Мехмонро шинохта сари дастархон таклиф мекунад. Дастархон пури нозу неъмат буд. ЧО аз у хол мепурсад ва дар чавоб сохиби хона мегуд: — Эх мехмон, зиндаги оличаноб, кор бисёр. Мачбур як фирма кушодам, як писарам муовин, дигараш бухгалтер ва боз 30 -40 та коргар гирифтем… ЧО хайрон мешаваду мепурсад: — Э мардак ту чи корай? Сохиби хона мегуяд:

— Эх ака ман ГУРКОВУМ, ГУРКОВ…

Нахудак пеш аз соли нав

Медонед, чандин рўз аст, ки Нахудак барои таҷлили соли нави мелодӣ омодагӣ мегирад. Саргарм ба пешвозгирӣ шуду аз блогаш ҳам бехабар монд. Ҳатто надониста монд, ки шумори каладикакҳояш 1200-ро убур кардаанд. Барои ин аз Шумо хонандагони камшумори азиз аз самими қалб бпузиш мепурсад, ки нисат ба Шумо беэътиноӣ кард.

Нахудак дар ин рӯзҳо ба чӣ кор машғул буд?

Кам кам ба Шумо азизон аз ҳар гӯшае нақл мекунем.

Нахудак ва сагча

Нахудак ба куҷое мерафт, зуд деҳотӣ буданаш маълум мешуд 😳 . Аз маркази шаҳр хона гирифт, то фарзандонашро дар оянда шаҳрӣ номанд. Ҳамсояҳои наваш кару фар доштанд, мошинҳои пеши замон дар зери пояшон буд. Нахудак ба фикр рафт, ки чӣ кунад, то дар назди ҳамсояҳои наваш деҳотӣ набошад 8) . Ааа ёфтам, ба худ андешид Нахудаку аз бозор як сагчаро бо қиммати $700 ИМА харидорӣ намуд 🙂 . Бо сагчааш ҳар бегоҳ баромада сайр мекард. Як бегоҳ бо сагчааш сайр мекард, ки як дӯсташ дар роҳ Нахудакро бо сагчааш дид. Баъди аҳволпурсӣ суол кард, ки Нахудакҷон ту дар хона ба сагчаат чӣ хӯрок медиҳӣ? Нахудак посух дод, ки мисли ҳамагон нону об медиҳам. Бай-бай, ана гап дар кучо? – гуфт дӯсташ ва идома дод, бародар барои ҳамин сагчаат ба сагчаҳои шаҳриҳо монанд нест. Барои он, ки сагчаат ба сагчаҳои шаҳриҳо монанд шавад, аз хӯрокҳое ба сагат деҳ, ки дар ТВ-ҳои Русия реклама мекунанд. Нахудак аз писари холааш, ки дар Русия мардикорӣ мекард, хоҳиш намуд, то барои саги ӯ хӯроки хушлаззате роӣ кунад. Писархолааш аз хӯрокҳои саги шефаш ду қуттӣ бо номи «Пидигре» (агар хато накунам), гирифта ба Нахудак роӣ кард. Саги Нахудак ду рӯз туй дошт. Чунон бо иштиҳо хӯрок мехурд. Нахудак ҳам фохир буд. Ин гапро монеду аз фардо дигар саги бечора бо тамом шудани хӯроки наваш дигар нону оби Нахудакро ба забон намебурд. Нахудак гӯшти косаашро ҳатто гирифта ба саг медод, саг бошад дигар ҳеч чиз намехурд ❗ . Саги бечора як ҳафта чизе нахӯрда, ахир ҷон ба Ҷонофарин таслим кард. Нахудак аз сагча ҳам монду аз фохирагӣ ҳам 👿 . Бо ҳамин орзӯи шаҳрӣ будани Нахудак то соли нав ҳам давом накард… 😆

Нахудак ва саҳмияи «Роғун»

Нахудак барои харид ба бозор даромад. Мева харид, қимматаш аз ҳаррӯза гаронтар буд 😯 . Нон, кабудӣ, қанд, чизе мехарид, нисбат ба пешина гаронтар буд. Ба растаи тухмфурӯшон омад, қиммати тухм низ як баробар гарон буд. Билохира аз савдогарзан суол кард, ки хочаҷон ман харидори ҳамешагии шумоам, чаро якбора нархро боло кардед? — Эээ, писари хола. Ту ку аз Русия нав омадагӣ нестӣ? 😉 — Ооо, холаҷон ман аз дари ҳамин бозор дуртар ҷоеро надидаам. 😳 — Бачем, ин тавр бошад, бояд хабар дошта бошӣ. Ҳама ҳозир барои фронти зарбдор кор карда истодаанд, аз ҷумла мо савдогарон низ. Мо ҳам тасмим гирифтем, ки минбаъд қиммати молҳоямонро бол окунем. — Барои чӣ охӣ? Чӣ сабаб шуд, хоҷон? Бетоқатона суол кард Нахудак. — Бачем, ба ҷуз аз ҳисобу китоби бозор мо 100% гарон барои он мефурӯшем, ки аз сохтмони номдори аср, аз иншооти муҳими таърихӣ, аз сохтмони НБО «Роғун» саҳмия харидорӣ намоем!!!

Нахудак ва занаш

Нахудак ба хона даромад. Аз марги сагаш дарун дарун месӯхт, аз гаронии қиммати маҳсулот дар бозор бошад, ҳамёнаш ба фарёд омада буд 😡 . Хост ба пеши занаш равад, ки занаш гуфт, қарори нави ҳукуматро фаҳмидед 💡 ? Нахудак ҳайрон нашуда ба занаш суоломез нигоҳ кард. Ӯ медонист, ки ҳукуматаш бо ягон қарори аҷоиботулғароиб қабул кардагист. Вақтҳои ахир аз ин ҳукумат ҳамачиро интизор шудан мумкин мегуфт 😈 , Нахудак. Зани Нахудак бо рамуз ба сӯи шавхараш нигоҳ карду гуфт, минбаъд ба ман нигоҳ кардан пул меистад. 🙂 — Чи хел бо? Ин ҳукумати ту ҳаминхелӣ қарор қабул кардааст? — Худи худаш барин. Агар аз ҳукумат иттилое гиред, сум медиҳед аз ин пас. — Ақли доштаатро ҳам хӯрдӣ, ту бекалла. Вай дар бораи кимчиву ту чӣ мегӯӣ? — О мардакҷон Шумо худакатон мегуфтед, аз иттилоҳои ҳукуматӣ ҳеч чиз гирифта намешавад, ҳама обшуста. Танҳо бо баҳонаи иттилое мегуфтед, ба кабинаҳо сар халонида чашмонамро аз нигоҳи зебову ронҳои аз зери миз намоёни котибаҳо об медиҳам. Агар ин тавр бошад, ҳукумат қарорро барои чашмони Шумо пулакӣ кардааст. Ба Шумо иттило неву духтарҳо маъқул буд ку? Акнун, ба ҳар назар ба ман ҳам пардохт кунед!!! Нахудак баъди фаҳмидани ин сухан оҳистаҳакак ба душ даромад. Чароғи каммасрафро ба лампаи иличӣ иваз кард. Лампаи навро гирон кард, то аз дӯши хунук баромада дар тафси он загараца кунад. Дигар ба гуфте оғӯши занашро ҳам ҳукумат ба ин баҳона пулакӣ карда буд. Хайр, мумкин то соли нав занак ягон муроот кунад гуфту худро болои курпа партофт, то гурдаашро аз лампаи иличӣ гарм кунад 💡 . Метарсид, ки печка монад, …

Нахудак ва БДА – 2

Нахудак сафарашро идома дода, суруди дӯстмедоштааш, «Ман масту ту девона, Моро ки барад хона»-ро зам – зама мекард. Худро маҷбур мекард, ки мисли Парда Қосим хонад. Овозашро мекашид, боло мекарду поин меовард. Худ ба худ механдид, дигар ҳеч чароғакро низ нигоҳ намекард, суръат мисли самалёт буд.
Дар ин ҳангом корманди БДА-е ҷурак дар даст, ҳушт-ҳушт карда давидакунон баромад. Нахудак суръати мошинро нигоҳ дошта натавонисту ба нозири роҳ бархӯрд.
Ду пои нозир дар осемун омад. Нахудак то ана мана карда, рементро аз худ дур кард, ки нозир аз ҷояш баланд шуда, ба назди дари мошин омад. Нахудак намедонист, чӣ кор кунад. Зуд аз ҷояш рост шуда, гап назада, ҳамёнашро кушода, ба киссаи пеши нозир як сад доллари қатнашударо гузошт. Баъд гуфт, ака тинҷиай?
Нозири БДА гӯё ҳеч воқеае рух надода бошад,
оҳистакак мегӯяд: брат ҳамааш тупа туғрӣ, буху бга!!!!

Нахудак ва БДА

Нахудак пас аз савдогарӣ мошин мехарад. Бечора дар замоне мошин харид намуд, ки БДА бастани рементро ҳатмӣ намуд. Қаблан ҳама ҳуҷҷатҳо ва он чизе, ки барои як ронанда ва мошин зарур аст, муҳайё намуд, то ба кормандони БДА ришва надиҳад. Нахудак аз хиёбони марказии шаҳри Душанбе сувори мошини худ, бо табъи болида, зери лаб замзама меард:

Даст ба руууууууууулу по ба гаааааааз, ҳушам ба сӯи духтараааак…

Дар ин ҳангом ҷӯраки корманди БДА баланд шуду ишораи манъ намудан кард. Нахудак мошинро манъ намуд. Нозири роҳ худро шинос карда, ҳуҷҷатҳои Нахудакро як-як аз назар гузаронд, пасу пеши мошинро ҳам дид, ҳама сад. Ба Нахудак рӯй оварда гуфт: ҷаноб рементро нобаста мегардӣ ку? Нахудак надонист, ки чи кор кунад. Ака, бори аввалай дигар такрор намеша, гуфт. Майлӣ барои бори якум буданаш 10 сомон аз Нахудак талаб кард. Нахудак дигар чорае наёфта 10 сомон садқаи сар гуфта дод. Хиёбони Рӯдакиро ба тамом нагузашта буд, ки нозири дигаре манъ кард. Нахудак то рементро аз худ ҷудо кард, ки нозир омад. Ҳуҷҷатҳоро аз назар гузаронид, аптечка пурсид. Нахудак бе анамана аптечкаро нишон дод. БДА чун огоҳ шуд, ки Нахудак ронандаи нав аст, даст ба ремент бурда, гуфт ааа ҷаноб ин рементро сахт набастӣ ку? — Ооо, бародар аз ин зиёд чӣ хел бандам??? — Не, ту правила гуфтанӣ гапро медонӣ? Барои қоидавайронкунӣ ҷарима гуфтанӣ гап ҳаст. Нахудак мақсадро нафаҳмид. Корманди БДА бе пошт-пошт аз Нахудак 10 сомонӣ талаб кард. Нахудак сарро хорида-хорида ришваро доду рементро сахт кард. Поро ба газ монд. Меравам, ба хона насиби ҳамин ронандагиаш ҳам не. Ғур – ғуркунон суръати мошинро баланд мекард. Баъд дар ҳол ба худ омада, ба фикраш 10 сомонӣ расид, сурхатро паст кард. Яке ҷуррррррроос баромад. Бало занад, зоғи сиёҳ шудем ку! Нозири паканае омода салом кард. Нахудак алейк нагуфта, суол кард. Ака, ҳамин бо ҷур-ҷуракат ҷур-ҷур кардӣ, намешуд, ки бо чут-чутакат ҷои манъ куниро ҳам нишон диҳӣ? Нозир ҳам паст наомада, братан худат дар ин роҳҳо одами нав метобӣ, кани ҳуҷҷатҳоят? Ҳуҷҷатҳоро аз назар гузаронд. Тагу болои мошинро ҳам синча карда нигоҳ кард. Нахудак дамаш аз даҳонаш намебаромад, то бубинад, ки ин чӣ айб меёбад. Нозир даст ба ременти Нахудак бурда гуфт: Брат барои 10 сомониак бо худта накушӣ, рементатро сусттар банд!!!!

Ҳоли ГУЛВАЗИР

Гул Шералӣ вазири кабири вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, ки аз аввали моҳи декабри соли 2006 ин мақомро роҳбарӣ мекунад 😦 , яке аз вазирони камкори сертарадуд маҳсуб меёбад. Аз соли 1994 инҷониб бо президент шудани Эмомалӣ Раҳмон дар маснадҳои болои ҳукуматӣ фаъолият кардааст. Бахилӣ не, ман вазиршаванда ҳам нестаму росташро мегӯм 8) .
Дар як сӯҳбати хоса медонед, ин вазири мӯҳтарами ҳукумати Раҳмон чӣ гуфтааст? Мегӯд, ман аз ходарангкунӣ ба вазирӣ расидаам 😕 . Ин ҳам ҳунар аст. Ёбеду гиред.
Хай, ин гапро мемонему сари мақсад меоем. Мӯҳтарам, вазири энергетика, ҷаноби Гул Шералӣ дар ҳукумат дар сафи аввали сваркакардагиҳо меистад, ҳеч ҷояшонро ба касе доданӣ нест. Ҳатто дар вақти хӯроки нисфирӯзӣ аз ҷояш намехезад, то касе омада ба чояш нашинад…
Як рӯз ҳазрати Азроил, беогоҳӣ ба кабинети Гул Шералӣ ворид мешавад. Вазир дар ҷои нишастааш дар гарданаш (эээ мебахшед, ин ҷаноб гардан надоранд, дақиқтараш дар поёни кала ❗ ) мисли кӯдакҳо латтапораеро баста хӯрок мехурд. Ҳазрат мепурсанд, ҳа вазир ба чӣ кор машғулӣ??? ❓
Гул Шералӣ як худашро метаконаду сарашро мисли кӯдакҳо аз болои косааш мебардорад 🙄 . Ҳазрат боз саволашонро такрор мекунанд.
Гул Шералӣ гӯё қаблан омадани Азроилро медонист, барои ҷавоб алакай омода буд.
Бобоҷон мама хуйсодем,- мегӯяд Гул Шералӣ.
Ҳазрати Азроил ҳам паст наомада мегӯянд:
— Шери бобош, мамата хӯр, попота пӯш, ҳадумон тай-тай мерем!!! ➡

Улоғи Нахудак

Нахудак як улоғ (хар)-и пире дошт. Як рӯз иттифоқе уфтоду улоғи Нахудак ба як чоҳи беоб афтод.

Ҳикоят

Нахудак ҳар чӣ саъй кард натавонист, улоғро аз чоҳ берун биёварад. Барои ин, ки ҳайвони бечора зиёд азоб накашад, Нахудак ва мардуми русто тасмим гирифтанд, чоҳро бо хок пур кунанд, то улоғ зуд бимирад ва аз азоб халос шавад.

Мардум бо сатил рӯи сари улоғ хок мерехтанд, аммо улоғ ҳар бор хокҳои рӯи баданашро метаконд ва зери пояш мерехт. Вақте хок зери пояш боло меомад, саъй мекард, рӯи хок биистад. Рустоиҳо ҳамин тавр ба зинда ба гӯр кардани улоғи бечора идома доданд ва улоғ ҳам ҳамин тавр ба боло омадан идома дод, то ин ки ба лаби чоҳ расид ва берун омад.

Натиҷа

Мушкилоти зиндагӣ мисли тали хок ба сари мо мерезад. Ва мо мисли ҳамеша ду интихоб дорем. Аввал, ин ки иљоза бидиҳем, мушкилот моро зинда ба гӯр бикунад. Дувум, ин ки мушкилотро саркӯб намоем, барои зистан.

Улоғ дар рӯ ба рӯ шудан ба як мушкил, ба шакли зоҳири он, ки таҳдид ба ҷонаш буд таваҷҷӯҳ накард. Балки бо рӯйкарди дигар ҷанбаи фурсати онро ёфт ва аз он баҳра бурд.

(Аз як сомонаи форсӣ ба дабираи сириллик баргардон шудааст)

Дӯсти Нахудак

Нахудак дар замони савдогар буданаш ба тамоми матоқи кишвар сафар мекард. Дар ин миён бо як савдогари хуҷандӣ дӯстӣ мекунад. Савдогари хуҷандӣ ҳар боре, ки ба шаҳри Нахудак меомад, Нахудак ӯро меҳмондорӣ менамуд. Иззаташро бо тамоми одоби тоҷикона ба ҷо меовард.
Нахудак ҳамроҳи ӯ аз Афғонистону Покистон картошка меоварду аз ин ҷо зардолуқоқро ба Русия мебурданд. Аз он ҷо чубу тахтаро ба Тоҷикистон меоварду ба гуфте дар савдо буҷулаш олчӣ хеста буд. Вале дар ин миён боре дар хонаи дӯсти хуҷандиаш меҳмон нашуда буд.
Боре, Нахудак ба Қайроқум меравад, мазза карда истироҳат мекунад. Дар ҷайбаш як сомонии пучак ҳам намемонад. Илоҷе карда ба шаҳри Хучанд меояд. Ба дӯсти тоҷираш дар тамос мешавад ва мегӯяд, ки ман дар Хуҷанд дар назди бозори Панљшанбе ҳастам. Пас аз чанде дӯсти Нахудак дар назди бозори Панҷшанбе ҳозир мешавад. Дӯстон гарму ҷӯшон вохӯрӣ мекунанд. Дили Нахудак ҳам таскин меёбад, ки дӯсташ омад, дигар ӯ аз хиҷолати бесумӣ халос мехурад.
Баъд аз сӯҳбати кӯтоҳе тоҷири хуҷандӣ аз Нахудак мепурсад, ки хонаи маро медонӣ. Нахудак не мегӯяд. Аз Нахудак суол мекунад, ки чанд рӯзи дигар дар ин ҷо монданӣ ҳастӣ? Нахудак мегӯяд, фардо азми сафар дорам.
Ааа, ин тавр бошад, хонаи ман дар пӯшти маркази савдо аст, агар тавонистӣ чах зада-чах зада биё, ман туро интизор Нахудакҷон.
Нахудак дар ҷойи истодааш якбора се маротиба чарх мезанад.
— Нахудакҷон дар маркази шаҳр истодаем, ту ҷинӣ шудагит нест мӣ? — мегӯд дӯсти Нахудак.
— Не дӯстам, ман ман чах зада гифтам, рафтем ба хонаат!!!

Шабушҳои Нахудак

Ду шабуш дар сари Нахудак чанд вақт маскан гирифта буданд. Дар ин ҷангали анбӯҳ дар китф кулворҳои вазнин мегаштанд. Ин сӯ мерафтанд, анбӯҳ, торик он сӯ мерафтанд, боз чунин ҳол. Гоҳ — гоҳ барои дилхушӣ рушаваконбозӣ мекарданд. Билохира рӯшавакон низ ба дилашон зад.
Нахудак ба ҷаласае омад. Дар паҳлӯи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ҷаноби Маликшо Неъматов ҷой гирифт. Ҷаласа оғоз шуд. Чашми яке аз шабушҳо ба Маликшо Неъматов афтод. Дар ҳол ба назди рафиқаш омад. Аз дӯсташ шодиёна талаб кард. Пас, бо як хурсандии беинтиҳо гуфт, азизам мо дигар дар ин ҷангали анбӯҳ сарсону саргардон шуда намегардем. Рӯшавакон низ ба диламон зад. Ман майдоне фарохе ёфтам, минбаъд ба он ҷо меравем. Ҳар ду дӯст бо як  ҷаҳиш ба сари Маликшо Неъматов гузаштанд. Шабуши дуввуми пурсид дар ин сари қоқ чи кор мекунем?
Шабуши аввалӣ гуфт: ту хеле нодон будаӣ. Дар ин ҷо лижаронӣ мекунем!!!

Нахудаки бизнесмен — 2

Нахудак дар бозор саргарми савдо буд. Молҳои мефурӯхтаи ӯро каду, лубиё, шалғам ва монанди ин дигар сабзавот ташкил медод. Нохост сар баланд карду дар рӯ ба рӯяш сарвари давлати тоҷикон, шоҳи одил, Ҷаноби Олӣ, шоҳаншоҳи кишварро диду ҳайраташ омад. Ягона маҳсулоте, ки дар миёни молҳои Нахудак чашмрастар буд, як кадуи калон буд.
Нахудак худро ба даст гирифта, ба шоҳаншоҳи кишвар нигоҳ кард. Марҳамат Ҷаноби Олӣ, интихоб кунед. Марҳамат, марҳамат қадами Шумо бехайр нест.
Шоҳ ба атрофиёнаш нигирист, чизеро нафаҳмид. Пас ба Нахудак рӯй овард, ту дар рафтат буду шуд, як каду дорӣ, боз ман чкадомишро интихоб кунам???
— Эээ, воло ҳазрат, Шоҳаншоҳ… мо як тан Шуморо интихоб кардему чи хел кадуро интихоб карда намешудааст???