Нахудаки МУАЛЛИМ

Дар замони вазири маорифи Тоҷикистон будани Абдуҷаббор Раҳмонов Нахудак дар мактаби миёна ба толибилмон аз фанне, ки пеш меомад дарс медод. Аслан, ӯ мактаби миёнаро бо баҳои ғайриқаноатбахш карда буд . Дар вохӯрие чашми Абдуҷаббор Раҳмонов ба Нахудак афтиду ӯро барои дарс додан ба мактаб ҷалб намуд.
Нахудак аз фанни таърих дар мактаб дарс мегуфт. Рӯзе дар синфи 10 дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳон қиссаҳо мегуфт. Дар охири дарс аз талабаи фаъоли синф суол кард: марҳамат карда гӯед, ки пас аз ҷанг Германияро ки гирифт?
Талаба аз ҷояш рост шуда мегӯяд: муаллимҷон дақиқ медонам, ки ман нагирифтам. Нахудак фикр мекунад, ки шогирдаш шӯхӣ дорад, боз суолро такрор мекунад.
Ин навбат талабаи фаъоли синф ҷиддитар посух медиҳад, ки муаллим ман нагирифтам ва намедонам, ки Германияи Шуморо кӣ гирифтааст.
Нахудак сари ҷаҳл мегӯяд, ман медонам, ки ту нагирифтӣ. Ба ман ҷавоб деҳ, ки кӣ Германияро пас ҷанг гирифт?
Талаба ба гуфте «ду пояшро дар як мӯза монда» исрор меварзид, ки ман нагирфитаам ва намедонам, ки кӣ гирифт.
Нахудак пас аз дарс ба хонаи талаба меравад. Модари шогирдаш Нахудакро пешвоз мегирад. Нахудак мегат, ки ман вақти шиштан надорам, ба сари фарзанди шумо омадам. Ману шумо ва шавҳаратон дар мактаб баробар таҳсил мекардем, медонам, ки дар мактаб аз манн шумо хубтар таҳсил мекардед, вале намешавад, ки ба ҳамин фарзандатон низ каме аҳамият диҳед?
Модари талаба суол мекунад, ки чаро?
Нахудак мегат, ки дар дарс суол додам, ки Германияро пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон кӣ гирифт, писари шумо мегат, ки ман нагирифтам ва надидаму намедонам, ки гирифт.
Модари талаба ду даст ба сару рӯяш бурда мегӯяд. Муаллимҷон фарзанди ман рост гуфтааст, охӣ. Фарзандҳои ман чунин тарбия ёфтаанд, ки чизе дар дасташон афтад, рост ба пеши мо меоранд. Ягон бор дар дасти Писарам то ҳол Германияро надидаам, садқаи суханатону қадамҳои омаданатон, агар дар хона мебуд, бармегардонидам.
Нахудак даст афшонда аз дарвозаи хонаи шогирдаш берун мерашавад. Келинчаке дар назди дарвозаи ҳамсоя кӯчаро ҷорӯб мекард, Нахудакро дида қоматашро рост намуда салом мегӯяд. Нахудак ҷавоби салом медиҳад.
Келинчак низ соле пеш шогирди Нахудак буд, аз ин рӯ аз Нахудак суол мекунад, ки муаллим ба хайр аст, дар кӯчаҳои мо?
Нахудак асли воқеаро нақл мекунад. Келинчак муаллим наздик шуда, паст паст мегӯяд. Муаллимҷон, одамашро ёфта пурсидед. Германияи гуфтагиатонро сағираи бачаи ҳамсоя гирифтагӣ. Инҳо авлодан ҳамин хел, ҳамачиро, ки ба дасташон афтод рост ба хона меоранду мукир мешаванд, ки мо нагирифтем. Муаллиҷон Германияро ҳаминҳо гирифтагӣ рост ба милиса диҳедашон  .
Нахудак бо як ҳасрат аз муаллими шудааш пушаймон роҳ ба сӯи вазорат пеш мегирад, ки агар Абдуҷаббор Раҳмонов ба дасташ афтад, аз нохунҳои пояш ба дор овезад.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s