Нахудак дар ҳимояи ҲУКУМАТ

Нахудак дар кӯча ҷӯгиҳои зиёдеро пеш-пеш карда ба маҳкама бурд. Ба милисаҳо гуфт, инҳоро маҳкам кунед! Сарвари милисаҳо сабаб пурсид. Нахудак, даъворо сар кард. Шумо чӣ тавр худро ҳомии ин ҳукумат меномед? Шуморо посбон мегӯянд, Шумо чиро нигоҳ карда мегардед? Нони даҳони ҳукумати Шуморо бартамом кашида гиранд, пас Шумо ба кӣ заруред?

Сарвари милисаҳо сухани Нахудакро бурида, гуфт: — Мӯҳтарам, шаҳрванд Шумо рӯшантар сухан кунед, чӣ воқеа рух додааст?

— Эээ, Шумо, гуфта Нахудак боз суханро сар кард, ҳаминҳоро намебинед?

— Бале, дида истодаам, як тӯда ҷӯгиҳои пойлуч, ки корашон гадоӣ аст, посух медиҳад сарвари милисаҳо.

— Ана ҳама гап сари ҳамин пойлучҳо меравад. — Мӯҳтарам, шаҳрванд ман мақсади Шуморо нафаҳмида истодаам. Чаро ин ҷӯгиҳоро маҳбас кунам, ба ҷуз гадоӣ боз чи кор карданд?

— Худатон медонистеду боз худро ба нодонӣ мезанед. Барои гадоияшон ба маҳбас кашед!

— Магар гадоӣ ҳам сабаб ба маҳбас кашидан мешавад?- мепурсад милиса.

— Чаро нашавад, нони даҳони ҳукуматро кашида гирифта истодаанд. Ҳукумат бо гадоӣ шиками Шуморо базур сер карда истодааст, касби ҳукуматро гиранд, ҳукумат бо чӣ чора мебинад?

Реклама

Нахудак дар ҳимояи ҲУКУМАТ: 2 комментария

  1. Офарин! Зур гуфти, Нахудак.

    Барои гадоги ва резонидани обруи миллат хамаи ин лулихои «шохи» бояд ба махкама кашида шавад. Окибаташон хамин аст.

  2. Статья в Авеcта. tj:
    Эмомали Рахмон определился с кандидатурой премьер-министра.
    Комментарий врача:
    Ничего не определился. Вчера определился.Потом выпил и опять не определился. С утра голова не определилась.После обеда вроде мысль появилась,а потом опять неопределился. И так каждый день.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s