Корнамоиҳои НАХУДАК

Нахудак дар хидмати Каримов

Амалҳои Нахудакро дида, Ислом Каримов курта-курта гӯшт мегирад. Ҳар рӯз Нахудакро васф мекунад. Обрӯи Нахудак дар пеши Ислом Каримов ба осмони ҳафтум дака мехӯрд. … Аз қазо ҳардуяшон рӯ ба рӯ мешаванд. Нахудак ба Ислом Каримов мегӯяд, дар дунё ягона президент ту ҳастӣ, ки маро таъриф мекунӣ. Барои ин хидматҳоят ман ба ту чӣ хизмат карда метавонам?

 Ислом Каримов хандида мегӯяд, аз дасти ту чӣ хизмат меояд, ки барои мани президент ба ҷо орӣ? Нахудак мегӯяд, туро дар атрофи Тоҷикистон давр мезанонам, то Роғунро бубинӣ. Имлом Каримов чун аз ҳама каромотҳои Нахудак воқиф набуд, суол мекунад, ки чӣ тавр маро давр мезанонӣ?

 — Ба болои ду китфам бардошта, ба як мижазанӣ ба Роғун мерасонамат, мегӯяд Нахудак.

Ислом Каримова розӣ мешавад. Нахудак ӯро ба китфаш мебардорад. Аз қасраш берун нашуда Каримов аз Нахудак хоҳиш мекунад, то қазои ҳоҷат намояд. Нахудак мегӯяд, ба ту иҷозат аст, дар ҳаминҷо кардан гир.

Билохира Каримов дар осмон қазои ҳоҷат мекунаду ба худ меларзад. Ларза дар баданаш намонда, сарашро баланд мекунад, ки дар рӯи мизи кориаш ғанаб кардаасту ҳамаҷояшро ахлоту пешобаш пур кардааст!!!

Нахудаки ғоратгар

Сарони кишварҳои ИДМ дар нишасте гирди ҳам меоянд. Пас аз танаффуси нисфирӯзӣ як-як омада ба ҷои худ менишинанд. Дар ин миён Нахудак дар даст яроқ аз дар ворид мешавад. Ҳамагонро маҷбур мекунад, ки аз ҷойҳояшон рост бишванду дастҳояшон бар пӯшти сар бардоранд. Чун чорае намебинанд, чи амре аз ҷониби Нахудак садо медод, бе каму кост ба ҷо оварда мешуд. Нахудак ба ҳамагон амр мекунад, ки ҷайбҳояшонро холӣ кунанд. Ва чӣ маблағе доранд, дар рӯи миз монанд. Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ҳоло аз сари хӯрок нахеста буд, вақте ба маҷлисгоҳ ворид шуд, ки ҳамагон даст ба ҷайбашон мебурданд. Нахудак Эмомалиро дидан замон, шабпаракбарин худашро аз тиреза берун партофт. Ҳама бо чашми ҳайрат ба ҳамдигар менигаристанд, ки ба ин ғоратгар чӣ шуд, ки Эмомалиро дида гурехт? Дар ин замон дастҳои Нахудакро ба пӯшт баста, аз дар оварданд. Президенте суол кард, мақсади туро фаҳмидем, ки ғоратгарии сарварони давлатҳо буд. Аммо сабаби Эмомалиро дида фирор карданатро нафаҳмидем?

Нахудак сар ба зер афканда, гуфт: агар маблағҳои шуморо мегирифтам, албатта Эмомалӣ пеши ман барои гирифтани қарз меомад, аз ин рӯ гурехтам!!!

Нахудак ва президент

Нахудак ба назди Эмомалӣ Раҳмон меояд. Аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш мекунад, ки қарзи маро баргардон. Нахудак мегӯяд, дар замони бӯҳрон ҳаминқадар тоқат карда мешавад, ба худам ҳам маблағ зарур аст. Эмомалӣ Раҳмон ба фикр меравад, пас сарашро бардошта рӯй ба Нахудак меорад ва рӯйхатеро ба ӯ дароз мекунад. Номи Нахудак дар ин рӯйхат дар ҷои 25-ум қарор дошт. Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, номатро дидӣ дар чандум аст?

— Бале, мегӯяд Нахудак ва ба Раҳмон суол мекунад, ки пас ман чӣ кор кунам? Дӯстӣ, дӯстиву ту ба ман маблағамро бозгардон.

 — Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, агар як бори дигар ба наздам биоӣ номатро аз рӯйхат хат мезанам. Ва агар ба худам ришва диҳӣ, номатро аз ҳама аввалда менависам!!!

Нахудак ва ризқи ГОВ

Нахудак ба писараш супориш медиҳад, ки говро ба чаро бубар. Аз кор бармегардад, ҳамсараш мегӯяд, Шумо рафтеду писаратон говро ба чаро набурд. Нахудак сари қаҳр ба хона даромада, писарашро ҷанг мекунад, ки чаро говро ба чаро набурдааст?

Писараш мегӯяд, зимистон аст, дар чарогоҳ алаф нест, аз говро бурдани ман чӣ фоида, ки гов сер намешавад. Нахудак мегӯяд, агар ин тавр бошад, ба роҳи асфалт бурда банд. —

О, падар дар асфалти қоқ гов чӣ мехӯрад? — Ту як бачаи бекаллаи нопухта будаӣ. Ҳамин қадар корманди БДА дар асфалти қоқ ризкашонро ёфта хӯрда истодаанд. Гови мо ҳам наход дар қатори ҳамонҳо ризқашро дар он ҷо ёфта натавонад???

Реклама

Корнамоиҳои НАХУДАК: 2 комментария

  1. нахудакҷон ман ният дорам блоги худма лубиё ном гузорам чӣ маслиҳат мети?))))))))))))))))

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s