Мактуби Нахудак ба Бобои барфӣ

Ба Тоҷикистони азиз соли нави мелодӣ наздик меояд. Гӯё чизе дар зиндагӣ нав мешуда бошад, вале дар асл ҳама яксон аст, оне ки буд ҳамон. Вале дар ин шабу рӯз Нахудакро ташвишест болотар аз ҳама. Ӯ дигар аз Бобои барфӣ шоколаду киндер, шарику кимчии дигар намехоҳад. Ҳадафҳои ӯ тамоман нав шудаанд, ӯ на танҳо хушрӯзии худро балки хоҳон аст, атрофиёнаш низ дур аз қошоқӣ бизианд. Дар ин шабҳои охири сол барои баровардани ғуса аз тангнои дил даст ба рӯи ҳарфҳои роёна бурд, то ба Бобои барфӣ мактуб бинависад. Барои навиштан ангуштони Нахудак хеле пурқувватан, агар қаблан мегуфтанд, ки қалами фалонӣ тез аст, акнун мод шудааст, ки бигӯянд, ангуштонаш рӯи ҳарфхои роёна зебо медаванд. Ангуштони Нахудак ҳам ба рӯи ҳарфҳои роёна медавинданду саҳифаи сафед то рафт рангашро иваз мекард.

Мактуби Нахудак ба Бобои барфӣ

Мактуб ба Бобои барфӣ аз номи Нахудак ибни Кунҷкобпур.

Нишонии Нахудак: Ҷумҳурии Галактика, шаҳри Офтоб, кӯчаи Маҳтоб, бинои Рӯи об, хонаи Таи об.

Бобоҷон пеш аз ҳама салом!!! Ба самъи Шумо расонам, ки дар ҷаҳон миллате ҳаст бо номи тоҷик, ман аз ҳамон миллат. Бобоҷон, суханҳои маро шӯхӣ напиндоред, ман рост навишта истодаам. Ман ҳар вақте Шуморо медидам, аз кулворатон ба мо тӯҳфаҳо медодед. Дигар манро ин тӯҳфаҳои кӯдаконаи Шумо қонеъ намекунад, ман аз Шумо хоҳиши бузургтаре дорам, ки онҳоро як як ба дар зер менависам. Илтимос, натарседу ба ман ҷавоб гардонед. Бобоҷони ҷони ҷон!!! Ин гапора фақат ба Шумо мегӯям, бо ба ягон каси дигар нагӯед. Ин сирри миёни ҳардуямон. Агар иҷро карда тавонед, савоби 7 миллион мардум дар гардани Шумо аст. Аз Шумо илтиҷо мекунам, ки дар кулворатон барои мо неъмате бо номи ДЕМОКРАТИЯро биоред. Мегӯянд, дар аврупо пури пур аст, чӣ мешавад, ки камтар ҳам бошад, меовардед, то рангашро мо ҳам медидем. Эҳтиёт шавед, ки дар роҳ гумрукчиён ин тӯҳфаро набинанд, вагарна бурда ба ҳукумат медиҳанду онҳо худашон мегиранду ба касе тақсим намекунанд. Мегӯянд, ки ДЕМОКРАТИЯ дар худ, баробарӣ дорад, озодии сухан дорад, ҳукумати мардумӣ дорад, аз ҳама муҳимаш мардум ба доди мардум мерасидаанд. Бобоҷон илтимос, бо ягон ДЕМОКРАТИЯи китайскӣ набиоред, ки ҳозир ҳамаҷо ҳаминхелӣ пур шудааст. Дар мо мегӯянд, ки ДЕМОКРАТИЯ ҳаст, вале ин аз асосиаш набудааст, чӣ? Барои ҳамон Шумо асосиаша биоред!

 Бобоҷони асали ман!!! Хоҳиши дигари ман аз Шумо КАДР ном дорад. Дар ҷое, ки мо зиндагӣ мекунем, КАДР намерасидааст. Як вақт сарвари давлатамон ҳам гуфта буд, ки дигар дар киссаи ман КАДР намондааст. Мумкин киссаҳои ӯ майда бошаду КАДРҳояш зуд тамом шудаанд? Барои ҳамин Бобоҷон кулвори Шумо калон аст, ку бисёртар биёред. Бобо аз КАДРҳои шикамғавсу каллакалон набиёред, ки кулворатон зуд пур мешавад. Чунки дар киссаи сарвари давлатамон ҳаминхелиҳош буден, барои ҳамон бармаҳал тамом шудааст. Бобо агар КАДР китайскӣ ё японскӣ бошад зур, дар ин бора китайскиаш фиреб намедиҳад, инхелиҳош майда дар кулворатон бисёр оварда мешавад. Вале тоҷик бошад, ки бо ман дар бало гирифтон нашавам, ҳамаҷоя беҳамин ҳам хитойчаҳои бекадраш гирифтагӣ.

Бобоҷони қанду набот!!! Шумо ИНСОФ гуфтани неъмати Худоро мешиносед? Дар куҷое дидед, аз гӯшҳояш қапида биёред, хеле ва хеле ба мо зарур аст. Дар кишвари мо ба ИНСОФ қаҳт задаст. Аз дасти набудани ин неъмат ба бозор даромада намешавад, вале Бобоҷон ҳамаҷо бозор шудааст, аз набудани ин. Идораи раис ҳам, кабинаи муаллиму духтур ҳамаҷо аз дасти набудани ИНСОФ бозор. Бобо агар ИНСОФа соф исломеша биоред, боз беҳтар.

Ба ришҳои сафедатон садқа, Бобоҷон!!! Дар кишвари мо баъди омадани Шумо интихоботи парлумонӣ мегузарад. Барои ҳамин хушбахтона ба хотирам расид. Дар интихобот мегӯянд, АДОЛАТ ва ШАФФОФИЯТ аз ҳама чизи асосӣ будааст. Барои ҳамин президентамон ҳам гуфтанд, ки ман кафолат медиҳам. Вале бовар дорам, ки зӯри як он кас барои овардани АДОЛАТ ва ШАФФОФИЯТ намерасад, барои ҳамин ба Шумои азиз муроҷиат мекунам. Хамин ду чиз набудааст, барои ҳамон дар интихоботи парумонии гузашта дар соли 2005 фақат намояндагони ҲХДТ гузаштаанд. Худатон то омаданатон як фикр карда бароед, ки аз ҳама куҷоескиш зур. Ба фикрам ҳамин американскиаш зурай Бобо. Як Обамаи мусулмонзодаи сиёҳпӯст бо ёрии АДОЛАТ ва ШАФФОФИЯТ дар интихобот президент шуд. Боз худатон донтар дар ягон ҷо зураша биёред.

Бобоҷони яктои ман!!! Агар ҳамаи ин чизҳоро ореду як чиро наоред, ҳама хизматҳоятон ба як тини сиёҳ намеарзад. То ҷон доред, ДОНИШ ҳам биоред. Агар наоред, ин тӯҳфаҳои овардаатон дар миёни ду рӯз то аз инҷо рафтани худатон тамом мешавад. Коре кунед, ки ин ДОНИШро баъд инҳо аз даст надиҳанд. Роҳи нигоҳ доштанашро худатон вақти овардан ҳатман фаҳмонед. Гузаштагони инҳо ҳама доно буданд. Вале имрӯз ба фикрам кадом Бобои барфӣ аз инҳо ДОНИШро гирифта, ба ҳамсоякишварамон Узбакистон бурда додааст, ки онҳо тамоман дигар шудаанд. Бобо хавотир нашавед, ман худам кулворатонро бо чанд «неъмат»-и дигар пур мекунам. Шумо ҳамчун савхотӣ ба ивази тӯҳфаҳои овардаатон ба дигарҷо мебаред, ки дар он ҷойҳо нест. Пеш аз ҳама ба Шумо АВТОРИТАРИЗМ ва ДИКТАТУРАро медиҳам. Бовар кунед, президентҳои дигарҷо ин неъматро надоранд. Барои ҳамин ин тӯҳфаи шоҳонаи Шумо барои дигарҳо мешавад. Чизи дигар, ки дар ҷои мо хеле реша давондааст, МАҲАЛГАРОӣ мебошад. Бо тамоми ҳастиаш ба Шумо медиҳам. МАҲАЛГАРОИРро тамоми мансабдорон аз президент сар карда дӯст медоранд. Ин ба президентҳои дигар ёрӣ медиҳад, ки ҳукуматашонро бо наздиконашон тақсим кунанд. Албатта, барои бой шудани онҳо КОРРУПСИЯро низ бегуфтугӯ аз мо бурда метавонед.

Бо ҳазору як умед, дуогӯи Шумо Нахудак

Дӯстони азиз! Ин мактубро пеш аз равон кардан, дар торнома мондам, ки Шумо хонед. Агар ягон тӯҳфаи дигаре аз Бобо хоҳиш доред, нависед, ман ба мактуб илова мекунам. Ҳамчунин аз хотир набароред, ки бар ивази тӯҳфа ба Бобо чӣ пешниҳод мекунед. Бобо албатта ба Интернет дастрасӣ дорад, мумкин дар ҳамин ҷо хонад, барои ҳамон фурсатро аз даст надиҳед, ки соли нав-соли 2010 меояд!!!

Реклама

Мактуби Нахудак ба Бобои барфӣ: 2 комментария

  1. О, боракало Нахудаки бобош! Дуо мекунам ангуштони аз зиёд зер кардани тугмаи клавиатура обилакардаат дарда набинад. Бисёр оли мактуб навишти, офаринат. Аммо чизи дигареро низ фаромуш кардаи. Мегуфти, ки Бобо барои сарояндахои мо, ки хеч махфилеро бидуни онхо тасаввур кардан ногузир аст, тухфа биёрад. Масалан, ОВОЗ гуфтани чизе биёрад, ки барои хонандахои эстрадаи мо мисли обу хаво зарур аст. Набудани ин ОВОЗ сарояндахои бечораи моро дар як хафта се бор гулудард мекунад ва мачбуранд, ки бо фонограмм бихонанд. Ха, гуфтаги барин, аз Бобо хохиш намо, ки барои тамоми хофизони точик билети арзони Дубай биёрад, зеро пулдорхо рафтанду «клип» карда омаданд ва акнун дигар хампешагонашонро «месузонанд». Нахудакчон, орзухо зиёданд, аммо мехохам ба дигарон низ фурсати хохиш бидихам, саломат боши!

  2. Нахудак, ба Бобочони Барфи нависед, ки агар хохишхои маро низ фаромуш накарда дар кулбораш биёрад, пас ман низ аз ин су дасти холи гуселаш намекунам. Он кадар сурудхои ФАЧУ ЛАЧ медихамаш, ки тамоми Аврупо коил мешавад. Барои эронизабонхои Амрико низ тухфа хаст, сурудхои хондаи худашон бо овозхои хирри…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s