Нахудак пеш аз соли нав

Медонед, чандин рўз аст, ки Нахудак барои таҷлили соли нави мелодӣ омодагӣ мегирад. Саргарм ба пешвозгирӣ шуду аз блогаш ҳам бехабар монд. Ҳатто надониста монд, ки шумори каладикакҳояш 1200-ро убур кардаанд. Барои ин аз Шумо хонандагони камшумори азиз аз самими қалб бпузиш мепурсад, ки нисат ба Шумо беэътиноӣ кард.

Нахудак дар ин рӯзҳо ба чӣ кор машғул буд?

Кам кам ба Шумо азизон аз ҳар гӯшае нақл мекунем.

Нахудак ва сагча

Нахудак ба куҷое мерафт, зуд деҳотӣ буданаш маълум мешуд 😳 . Аз маркази шаҳр хона гирифт, то фарзандонашро дар оянда шаҳрӣ номанд. Ҳамсояҳои наваш кару фар доштанд, мошинҳои пеши замон дар зери пояшон буд. Нахудак ба фикр рафт, ки чӣ кунад, то дар назди ҳамсояҳои наваш деҳотӣ набошад 8) . Ааа ёфтам, ба худ андешид Нахудаку аз бозор як сагчаро бо қиммати $700 ИМА харидорӣ намуд 🙂 . Бо сагчааш ҳар бегоҳ баромада сайр мекард. Як бегоҳ бо сагчааш сайр мекард, ки як дӯсташ дар роҳ Нахудакро бо сагчааш дид. Баъди аҳволпурсӣ суол кард, ки Нахудакҷон ту дар хона ба сагчаат чӣ хӯрок медиҳӣ? Нахудак посух дод, ки мисли ҳамагон нону об медиҳам. Бай-бай, ана гап дар кучо? – гуфт дӯсташ ва идома дод, бародар барои ҳамин сагчаат ба сагчаҳои шаҳриҳо монанд нест. Барои он, ки сагчаат ба сагчаҳои шаҳриҳо монанд шавад, аз хӯрокҳое ба сагат деҳ, ки дар ТВ-ҳои Русия реклама мекунанд. Нахудак аз писари холааш, ки дар Русия мардикорӣ мекард, хоҳиш намуд, то барои саги ӯ хӯроки хушлаззате роӣ кунад. Писархолааш аз хӯрокҳои саги шефаш ду қуттӣ бо номи «Пидигре» (агар хато накунам), гирифта ба Нахудак роӣ кард. Саги Нахудак ду рӯз туй дошт. Чунон бо иштиҳо хӯрок мехурд. Нахудак ҳам фохир буд. Ин гапро монеду аз фардо дигар саги бечора бо тамом шудани хӯроки наваш дигар нону оби Нахудакро ба забон намебурд. Нахудак гӯшти косаашро ҳатто гирифта ба саг медод, саг бошад дигар ҳеч чиз намехурд ❗ . Саги бечора як ҳафта чизе нахӯрда, ахир ҷон ба Ҷонофарин таслим кард. Нахудак аз сагча ҳам монду аз фохирагӣ ҳам 👿 . Бо ҳамин орзӯи шаҳрӣ будани Нахудак то соли нав ҳам давом накард… 😆

Нахудак ва саҳмияи «Роғун»

Нахудак барои харид ба бозор даромад. Мева харид, қимматаш аз ҳаррӯза гаронтар буд 😯 . Нон, кабудӣ, қанд, чизе мехарид, нисбат ба пешина гаронтар буд. Ба растаи тухмфурӯшон омад, қиммати тухм низ як баробар гарон буд. Билохира аз савдогарзан суол кард, ки хочаҷон ман харидори ҳамешагии шумоам, чаро якбора нархро боло кардед? — Эээ, писари хола. Ту ку аз Русия нав омадагӣ нестӣ? 😉 — Ооо, холаҷон ман аз дари ҳамин бозор дуртар ҷоеро надидаам. 😳 — Бачем, ин тавр бошад, бояд хабар дошта бошӣ. Ҳама ҳозир барои фронти зарбдор кор карда истодаанд, аз ҷумла мо савдогарон низ. Мо ҳам тасмим гирифтем, ки минбаъд қиммати молҳоямонро бол окунем. — Барои чӣ охӣ? Чӣ сабаб шуд, хоҷон? Бетоқатона суол кард Нахудак. — Бачем, ба ҷуз аз ҳисобу китоби бозор мо 100% гарон барои он мефурӯшем, ки аз сохтмони номдори аср, аз иншооти муҳими таърихӣ, аз сохтмони НБО «Роғун» саҳмия харидорӣ намоем!!!

Нахудак ва занаш

Нахудак ба хона даромад. Аз марги сагаш дарун дарун месӯхт, аз гаронии қиммати маҳсулот дар бозор бошад, ҳамёнаш ба фарёд омада буд 😡 . Хост ба пеши занаш равад, ки занаш гуфт, қарори нави ҳукуматро фаҳмидед 💡 ? Нахудак ҳайрон нашуда ба занаш суоломез нигоҳ кард. Ӯ медонист, ки ҳукуматаш бо ягон қарори аҷоиботулғароиб қабул кардагист. Вақтҳои ахир аз ин ҳукумат ҳамачиро интизор шудан мумкин мегуфт 😈 , Нахудак. Зани Нахудак бо рамуз ба сӯи шавхараш нигоҳ карду гуфт, минбаъд ба ман нигоҳ кардан пул меистад. 🙂 — Чи хел бо? Ин ҳукумати ту ҳаминхелӣ қарор қабул кардааст? — Худи худаш барин. Агар аз ҳукумат иттилое гиред, сум медиҳед аз ин пас. — Ақли доштаатро ҳам хӯрдӣ, ту бекалла. Вай дар бораи кимчиву ту чӣ мегӯӣ? — О мардакҷон Шумо худакатон мегуфтед, аз иттилоҳои ҳукуматӣ ҳеч чиз гирифта намешавад, ҳама обшуста. Танҳо бо баҳонаи иттилое мегуфтед, ба кабинаҳо сар халонида чашмонамро аз нигоҳи зебову ронҳои аз зери миз намоёни котибаҳо об медиҳам. Агар ин тавр бошад, ҳукумат қарорро барои чашмони Шумо пулакӣ кардааст. Ба Шумо иттило неву духтарҳо маъқул буд ку? Акнун, ба ҳар назар ба ман ҳам пардохт кунед!!! Нахудак баъди фаҳмидани ин сухан оҳистаҳакак ба душ даромад. Чароғи каммасрафро ба лампаи иличӣ иваз кард. Лампаи навро гирон кард, то аз дӯши хунук баромада дар тафси он загараца кунад. Дигар ба гуфте оғӯши занашро ҳам ҳукумат ба ин баҳона пулакӣ карда буд. Хайр, мумкин то соли нав занак ягон муроот кунад гуфту худро болои курпа партофт, то гурдаашро аз лампаи иличӣ гарм кунад 💡 . Метарсид, ки печка монад, …

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s