Дӯсти Нахудак

Нахудак дар замони савдогар буданаш ба тамоми матоқи кишвар сафар мекард. Дар ин миён бо як савдогари хуҷандӣ дӯстӣ мекунад. Савдогари хуҷандӣ ҳар боре, ки ба шаҳри Нахудак меомад, Нахудак ӯро меҳмондорӣ менамуд. Иззаташро бо тамоми одоби тоҷикона ба ҷо меовард.
Нахудак ҳамроҳи ӯ аз Афғонистону Покистон картошка меоварду аз ин ҷо зардолуқоқро ба Русия мебурданд. Аз он ҷо чубу тахтаро ба Тоҷикистон меоварду ба гуфте дар савдо буҷулаш олчӣ хеста буд. Вале дар ин миён боре дар хонаи дӯсти хуҷандиаш меҳмон нашуда буд.
Боре, Нахудак ба Қайроқум меравад, мазза карда истироҳат мекунад. Дар ҷайбаш як сомонии пучак ҳам намемонад. Илоҷе карда ба шаҳри Хучанд меояд. Ба дӯсти тоҷираш дар тамос мешавад ва мегӯяд, ки ман дар Хуҷанд дар назди бозори Панљшанбе ҳастам. Пас аз чанде дӯсти Нахудак дар назди бозори Панҷшанбе ҳозир мешавад. Дӯстон гарму ҷӯшон вохӯрӣ мекунанд. Дили Нахудак ҳам таскин меёбад, ки дӯсташ омад, дигар ӯ аз хиҷолати бесумӣ халос мехурад.
Баъд аз сӯҳбати кӯтоҳе тоҷири хуҷандӣ аз Нахудак мепурсад, ки хонаи маро медонӣ. Нахудак не мегӯяд. Аз Нахудак суол мекунад, ки чанд рӯзи дигар дар ин ҷо монданӣ ҳастӣ? Нахудак мегӯяд, фардо азми сафар дорам.
Ааа, ин тавр бошад, хонаи ман дар пӯшти маркази савдо аст, агар тавонистӣ чах зада-чах зада биё, ман туро интизор Нахудакҷон.
Нахудак дар ҷойи истодааш якбора се маротиба чарх мезанад.
— Нахудакҷон дар маркази шаҳр истодаем, ту ҷинӣ шудагит нест мӣ? — мегӯд дӯсти Нахудак.
— Не дӯстам, ман ман чах зада гифтам, рафтем ба хонаат!!!

Реклама

Дӯсти Нахудак: 2 комментария

  1. 😆 Нахудакчон, ин ёдам латифаи мардумиро овард. Хучанди дусти чанубияшро ба мехмони даъват мекунад. Ин рафикаш мегуяд сурогаи хонаатро гуй хатман меоям. Хучанди мегуяд, сурогаро чи мекуни омадан гир…

    1. Хахахаа уууууууууууууууууууууууууу
      Ух нахудаки балое!!! Маълум, ки ин латифаи мардумиро об карда хўрда будаасте 😉

      Дилам ба холи дусташ чунон сухта истодааст…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s