Машварати Нахудак

Ҷорҷ Буш, собиқ сарвари ИМА пеш аз тамом шудани ваколати президентиаш мисли мурғи посӯхта барои худ ҷои нишаст намеёфт. Чи кунам, ки даври дигар низ президент боқӣ бимонам? Ин суол майнаи сари ӯро гич мекард. Намедонист чӣ чора ҷӯяд. Ба касе ҳам дарди дил намекард, чун ки ҳама ин амали ӯро хилофи демократияи овозадори ИМА медонистанд.
Ҷорҷ дар фикр ғӯта зада, тани танҳо дар гулгашти назди Қасри сафед қадам мезад. Нахудак ҳам сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам сайр гуфта, зери лаб суруди Парда Қосим «Ман масту ту девона, Моро ки барад хона»-ро зам-замакунон ба Қасри сафед наздик шуд.
Нахудак бе ягон ҷондор сайр кардани Ҷорҷро дида, ангушти ҳайрат ба кунҷи лаби аз шок вошудааш гузошта, аз бало ҳазар гӯён аз ӯ дур шудан мехост. Ҷорҷ бошад, пеш меомад. Ҷорҷ садо кард, ҳой мард исто! Нахудак, дили нохоҳам дар ҷояш истод.
Пас аз салому алейки кӯтоҳ ва шиносоӣ барои холи кардани дил Ҷорҷ ба Нахудак мегӯяд, мӯҳлати ваколати президентии ман ба охир мерасад, но илоҷ нест, набошад боз президент мешудам.
Нахудак дигар худро озод ҳис менамуд. Бепарвофалакона гуфт, ҳеч душворие надорад. Роҳи ҳалли ин мушкилот 2х2 аст.
Ҷорҷ ҳеч интизор надошт, ки чунин суханро мешунавад, гуфт: чи гуна?
Нахудак гуфт, ба назди сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ рав, мушкилотатро дар ҷояш хапу хомӯш ҳал мекунанд. Вале медонӣ, дасти холӣ нарав, ки онҳо меҳмони бедастовезро аз мор ҳам бад мебинанд.
Ҷорҷ аз хурсандӣ дар курта намеғунҷид. Дақиқтараш ба наздик кӣ равам?
— Эээ, ту ҳам хуб сода будаӣ да, нигоҳ кун, тамоми сарварони онҷо дар курсӣ худашонро мех кардаанд, масалан рав ба назди Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷорҷ Буш ба пасаш нигоҳ накарда, Нахудакро хайр нагуфта рафт. Субҳи рӯзи дигар ӯ алакай озими сафар ба Тоҷикистон шуд.
Дар Тоҷикистон ба қабули президент омад. Чун мушаввашхотир буд, мақсадро ба президент фаҳмонд ва дипломаташро, ки беш аз 2 млрд доллар дошт, ба пеши Эмомалӣ Раҳмон монд. Президент ҳатто ба дипломат нигоҳ накарда, гуфт, ҳеч боке нест. Ба ин кори Шумо ҳамчун дӯст маслиҳат медиҳам, Шумо ба назди раиси Коммисияи маркази интихоботӣ ҷаноби Мирзоалӣ Болтуев равед, аз номи ман гап занед, мушкилатон бегуфтугӯ дар ҷояш ҳали худро меёбад. Дастовезатонро низ ба ҳамон кас баред.
Ҷорҷ ба назди Болтуев омад, аз номи сарвари давлат гап зад. Болтуев бо ҷон хуб шудааст гуфта, Ҷорҷро дилпур кард, ки ту ба ИМА рав, ман масъаларо ҳал мекунам.
Аз миён чанд вақте гузашт. Президенти Тоҷикистон дар як ҷаласа Болтуевро дида суол мекунад, ҳамон Ҷорҷи сарсахтро як вақт ба наздат равон кардам, ҳамонро чи кардӣ?
— Ҳеч чӣ Ҷаноби Олӣ.
— Чӣ хел ҳеч чӣ? Ақлатро ту хӯрдагӣ нести? Интихобот шуд?
— Мӯҳтарам, Ҷаноби Олӣ. Интихобот шуд, тавре шоҳид ҳастед, ҳамааш ба хубӣ анҷом ёфт.
— Ин тавр бошад, дар интихобот кӣ гузашт?
— Шумо гузаштед, Ҷаноби Олӣ. Бо ягон каси дигар мегузашт мӣ? Дар куҷое интихобот шавад, Шумо гузаред, шудда.

 

Реклама

Машварати Нахудак: 2 комментария

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s