Нахудаки бизнесмен

Нахудак дар замони љанги шаҳрвандӣ аз Ватанаш меравад. Ҷанг ба итмом расид, вале аз Нахудак ҳамоно ному нишоне набуд. Ҳеч кас аз макони ӯ хабар надошт. Волидайни Нахудак низ ҳамеша дар ташвиш буданд.
Рӯзе падари Нахудак хабар меёбад, ки писараш берун аз Ватан будааст ва шумораи телефонии ӯро дастрас мекунад. Пас, ба писараш занг мезанад.
— Ало, Нахудак худат ҳастӣ?
— Чӣ буд, ба Шумо кӣ даркор аст? – бо савол ҷавоб мегардонад Нахудак.
— Э, ман падарут!!!
— Ааа, ата худтӣ? Хуб ҳастӣ, чӣ ҳол дориву модарам чи хел аст?
— Ҳама зинда, бо ёди ту рӯзро шаб мекунанд…
Ба ин минвол миёни писару падар аҳволпурсӣ давом мекунад. Баъд падар мепурсад, ту худут чӣ кор карда гаштаӣ?
— Атаҷон корам бизнесменӣ аст.
— Бизнесмениаш чӣ?
— Савдогарум, яъне ба хариду фурӯш бандам.
— Чӣ мефурӯшӣ?
— Ҳама чиз. Аз як ҷо гӯгирд меораму ба ҷои дигар лампаи чароғ мебарам. Ата, чизе дар дастамон афтид, мехарему мефурӯшем.
— Фаҳмо. Як чӣ пурсам бачам. Ҳамин, ту чанд сол шуд, ёди мо намекунӣ, яъне Ватанро ҳам ба дастатон афтад, Шумо мефурушен?
— Эээ, атаҷон худута ман одами мефаҳмидагӣ мегуфтаму тамоман сода будаӣ. Ин Ватане, ки ту мегӯиш, барвақт фурӯхта буданд!

Реклама

Нахудаки бизнесмен: 2 комментария

  1. Ассалому алейкум НАХУДАААААААК! :mrgreen:

    🙄 Вакте дар Ватан будам тамоман бехабар аз он будаам, ки …. Хуллас дар хоби гарон будаам…
    Канд занед!!!

    Дар блоги Футболи точик будам. Як сайр кунем-чи гуфта, ба хонаи Салими Аюбзод сар халондем. 8) Хоош, ончо моро нагз мехмондори карданд. Барои шабгузарони ч,ой надоштиян, аз ин ру ба хонаи НАХУДАКИ азиз гусел карданд. Пеш аз он ки ба хонаи Нахудакчон дароям, дар осотонаи хонаи Нахудакбой ❗ як бародари Истаравшаниро вохурдам. Исмашон Сайидюнус. Настроенияшон чунон зур, димогашон чок. Видимо, Нахудакбой хеле дасткушоооод. Бародар ба чону холам намонда ба хонааш таклиф карданд. Бо як азоб уговориташон кардаму ваъда додам, ки дигар руз меравам 😐 . (истаравшанихоро мешиносам, Чаноби Нахудакро, ки имруз бизнесменшудиян зиёрат кунем-чи, о чандин солхо боз надидаю нашунидиямашона).
    Бизнесмен шояд мани мусофирро хам хуб кабул намояд 😀
    Канд занед, офарин!!! (Тавба ман то имруз дар кучо будаам-а?!)

    Барои мехмондориатон як чахон ташаккур Нахудакбой, бо Иди дарпешистода аз номи хаводоронатон табрик мекунем. 🙂

  2. Лутфи Шумо зиёд аст. ИншоАллох аз Нахудак навигирихои чашмрасеро метавонед, интизор бошед!!!
    Хеле хурсандам, аз ин суханони волои Шумо. Шармандаам, дар назди сухандонии Шумо.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s