Нахудак дар Иди Курбон

Фарзанди марди кӯҳистоние дар замони амирони манғитӣ дар Бухоро таҳсил мекунад. Худованд аз марҳаматаш ин фарзанди накӯномро қозиулқузоти Бухорои Шариф мекунад.
Падари қозӣ пеш аз Иди Қурбон аз кӯҳистон барои дидорбинии фарзанди дилбандаш ба Бухоро рахти сафар мебандад. Ба хонаи фарзандаш, қозии Бухоро меояд. Рафиқони қозӣ аз ташриф овардани падари дӯсташон огоҳ шуда, ба зиёрат меоянд. Фардо намози ид буд.
Пас аз рафтани дӯстон қозӣ ба падар рӯй меорад ва мегӯяд: падарҷон рӯзи дигар дар масҷид намоз мешавад. Шуморо аз рӯи эҳтиром пас аз имом ҷой мекунанд. Мӯйсафед сар фурӯ баста, ноилоҷ розӣ мешавад. Чун ӯ намоз хонда наметавонист, ќозӣ мефаҳмонад, падарҷон чи амалеро, ки марди аз Шумо пешистода мекунад, такрор бикунед.
Ҳангоми сӯҳбат яке аз зиракони маърака, ки бо Нахудак низ ошноӣ дошт, огаҳ шуда буд, ки падари қозӣ намоз хонда наметавонад. Ин хабарро ба Нахудак расонд.
Ба гӯши Нахудак, фарзанди замон об даромад. Аз дӯстон хоҳиш намуд, фардо дар намоз пас аз падари қозӣ барои ӯ ҷой омода намоянд. Дӯстон ин хоҳиши Нахудакро бароварда карданд.
Субҳи барвақт ҳама ба сӯи масҷид мерафтанд. Падари қозӣ дар иҳотаи рикобдорону косалесони фарзандаш бо виқори зебои кӯҳистониаш ба масҷид ворид шуд. Алакай, Нахудак дар саф пас аз падари қозӣ ҷой гирифта буд.
Такбири аввалро гуфтанд, намоз шурӯъ шуд. Ҳама даст ба гӯшҳо бурданд. Пас се такбири дигар, имом қироатро оғоз кард. Фотиҳа замми сура, такбир барои рукуъ. Ҳама ба рукуъ рафтанд, падари қозӣ ҳам хам шуд.
Баробари хам шудан, Нахудак даст пеш бурда аз хояҳои падари қозӣ қапид. Ба ёди мӯйсафед пеш аз ҳама сухани писараш омад: «Падарҷон чи амалеро, ки марди аз Шумо пешистода мекунад, такрор бикунед». Падари қозӣ аз найранги Нахудак бехебар филҳол аз хояҳои имом меқапад. Нахудак аз қафо сахт мекашад. Мӯйсафед бо панҷаҳои кӯҳистониаш амали Нахудакро такрор мекунад. Имом оҳиста ба қафо нигариста мегӯяд, сар деҳ. Як бор мегӯяд, намешавад, такрор ба такрор мегӯяд.
Падари қозӣ ба ҷон меояду баландтар садо мекунад: то ҳуйюм надиҳад, ҳуйют намедиҳум!!!

Реклама

Нахудак дар Иди Курбон: 6 комментариев

  1. Нахудаки азиз,
    Камина дар пойгоҳи хеш, навишторе ба муносибати роҳандозии сомонаи бо маззаи шумо ба риштаи таҳрир дароварда ва пешкаши хонандагон қарор додам, дар сурати имкон, онро мутолеа кунед.
    Сарфароз бошед!
    http://www.kemyaesaadat.com/index.php?option=com_content&view=article&id=672:2009-11-19-23-23-22&catid=2:2008-12-09-19-14-56&Itemid=4

    1. Лутфи Шумо бекарона аст. Ин иқдоми Шумо боиси сарфарозии ҳамешагии мост. Ин тарҳи кучаки моро, хеле таблиғи бузург кардед. Мадюн ҳастем, дар назди ин тавсифи Шумо. Албатта, кушиш ба харҷ медиҳем, то арзандаи ин ҳама гуфтаҳои Шумо бошем.

  2. Naxudak, in az nigohi na ozodii bayon astu na ozodii dinu wijdon ki inxel tamasxur ba namoz kuned. Harchi safsatahoi rostu durughe ki dori nawishtan gir, ammo na inxel tahqiru masxarahoe ki ba dini mubini Islom daxl dorand.

    1. Нахудак фарзанди замон аст. Барои Нахудак дару дарвоза, занҷиру зиндон, қасру кушк, дину оин, миллату қабила, шому саҳар ҳама якест. ӯ демократияи худро дорад, ба самъи Шумо азизон расонам, ки камбудии ягонаи Нахудак ин аст, ки ба интернет дастрасии хуб надорад.
      Дар баробари ин мусалмонии Нахудак аз мусалмонии баъзе мудаъиён кам нест. Агар ба иззати нафси хонандае расида бошем, пӯзиш!!!

  3. Ofarin Nakhudak,

    Chandin muddat chunin nakhandida budam ki imruz az in jumlai navishtai shumo (то ҳуйюм надиҳад, ҳуйют намедиҳум!!!)

    Ofarin va Ahsant

    1. Хандаи талхи ман аз гиря ғамангезтар аст,
      Ҳолам аз гиря гузаштаст, бад-он механдам.
      Пирӯз бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s