Нахудаки корчалон

Дар замони Никулай бо љабри замону мушти рўзгор як марди Фалѓарї (Зарафшонї) барои дарёфти пайсае озими Самарќанд мешавад. Нисфирўзї мехоњад, хўроке хурад, даст ба љайбаш мебарад, ки тамоми дороияшро дуздњо рабудаанд.
Тан ба таќдир медињаду бурдаи нонеро аз миёнаш мекушояд, то таматўъе кунад. Кадаме аз ў дуртар марде шашлик мефурўхт. Аз лабони марди гурўсна об љорї мешаваду нонро мегазад. Пас дар сараш фикре меояд, чи мешавад, нонро ба дуди шашлик тоб дода фурў барам? Ба назди шашликпаз хозир мешаваду нонро дар дуди шашлик тоб дода фурў мебарад, каме њам бошад, нонаш маззаи дигар мегирад.
Пас аз он, ки нон тамом шуд, азми рафтан мекунад. Дар ин њангом дасте аз китфаш ўро бозмедорад. Ба пас мегардаду марди шашликфурўшро мебинад. Ња, бародар ба куљо? – суол медињад, марди шашликпази самарќандї. Ба куљое равам, ту чї кор дорї? – посух медињад марди фалѓарї.
— Бале, мегўяд аввалї, ман кор надораму Шумо суми дуди шашликро дињеду пас ба куљое мехоњед равед гуфтам да.
Марди фалѓарї паст наомада мегўяд, ооо бародар агар ба њамон ман нонамро намемондам њам, бефоида мерафт.
Шашликпаз мегўяд, гапро кам кун, тамоми буду шуди гушт дар њамон дуд љамъ шуда мерафт, ки ту аз худ кардї.
Ба њамин минвол бањсашон ба дарозо мекашад. Аз ќазо гузори Нахудак ба ин мањал меафтаду дўсти фалѓариашро мебинад, ки бо самарќандї кашмакаш дорад. Нахудак наздик шуда, мепурсад, њой бародар чи шуд ба ту?
Аз омадани Нахудак дўсташ хурсанд шуда, зуд асли воќеаро мефањмонад. Нахудак мегўяд, эээ дўстам ѓамаша хурдї, наход њамин њам гап шуда бошад, худам сумашро медињам. Марди самарќандї тирам ба њадаф расид гўён, наздиктар мешавад. Нахудак аз киссаш тангањои зардро мебарорад. Ба марди самарќандї нигариста мегўяд, дидї?
-Бале, дидам, чї буд?
Нахудак ду-се тангаро ба боло мепартояд ба њамдигар зада овоз мебароранд. Аз марди самарќандї мепурсад, шунидї?
— Ношунида мешавад? Бале, шунидам.
Нахудак, тангањоро ба љайбаш андохта ба марди шашликпаз бо табассум мегўяд:
— Ана, ин тавр, ки бошад ману ту бо њам њисобї кардем дўстам.

 

Реклама

Нахудаки корчалон: 4 комментария

  1. Дуруд,
    Дастатон дард накунад, сомонаи неку ва судманде рох андохтед, вокеан мавриди истифода аст. Худо кувват Нахудаки азиз!
    Зимнан, аз ин ки нишонии пойгохи моро хам дар ин сомонаи худ чой додед, ибрози ташаккур мекунам, факат хохиш мешавад нишонии аслии пойгохи Кимёи саодат-ро, ки http://www.kemyaesaadat.com/ мебошад, ба чои нишонии кадим мегузоштед.
    Мо хам хатман нишонии сомонаи шуморо дар муаррифии пойгоххо карор хохем дод.
    Бо камоли эхтиром,
    Дусти Шумо Сайидюнуси Истаравшани, мудири масъули пойгохи Кимёи саодат.

    1. Дуруд!!!
      Хеле мамнунам, аз он ки аввалин шуда ба Нахудак шумо коммент навиштед. Албатта, хар як навиштаи Шумо азизон илхомбахши Нахудак хохад буд.
      Ба чашм, бо чон пешниходи Шуморо кабул менамоем. Нахудак дуои Шумост!!!

  2. Салому дуруди бепоёну бе охир ба ин «Нахудаки донояк» .Якчанд мавзуъхоятро хондам,аз як тараф хурсанд,вале аз дигар тараф бошад суоле ба миён меояд,ки чаро мо худ фикри худро навишта наметавонем ва танхо фикри шахсони дигар ё оммаро каме дигаргун намуда дар сахифахои хеш чой медихед?Шояд ин амал мерос аз замони «Шурави» мондааст???Ана ин аст,масъалаи асоси чомеъаи нав ташкили мо… Мо фикри нав накшахои навро надорем ва шояд дар «Магзи сар» дорем,вале дар амал чори кардан очизи мекунем.Ту бояд фикри худ ва он мушкилотхое,ки моро гирд кардааст дар сахифахои худ тасвир намои ки гуё худ дар даруни ин мушкилот хасти ва аз ин хонанда хам бахра мебарад ва каме бошад хам дар майнаи худ чой медихад.Лекин чараёне,ки ихтиёр намудаи чолиб аст,чунки бо хазлу шухи метавони,ки дардхои чомеъаро тасвир намои!
    Итминони комил дорам,ки гуфтахои маро хамчун тарафи мусби кабул намуда,нисбати банда фикрхои бад намебари,бе ин хам дили «Гариб» худ хамеша дар гам аст.Боки ба ту бурдбори ва ин сахифахои торнигорро пур аз фикрхои чолиби ту дидан мехохам.Миннатдорам аз навиштахои ту.

  3. Гарибе аз гарибистон чони гапро навиштед. Ман низ ба фикри Шумо розиям. Аммо чун нахудак ба тозаги вориди ин рох шудааст, бояд то устухонаш «сахт» шудан дастгирияш намоем. Чун пайрохаи худро дарёфт, он гох бовар дорам аз укёнуси хавчу мутоибааш ба сери нуш хохем кард… Бо ду дасти бар дуо аз худованд талаб мекунам, ки Гарибе аз гарибистонро ба Ватан биёраду Нахудакро дар пешаи интихобкардааш мададгор бошад, ОМИН!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s