Нахудак дар парлумон

Дар яке аз шумораҳояш ҳафтаномаи «Чароғи рӯз» акси 63 депутати парлумони Тоҷикистонро дар зери унвони «Мертвые души» чоп мекунад. Депутатҳои Тоҷикистон ҷаласаи фаврӣ доир мекунанд, то хиёнаткори набударо дастгир кунанд.
Баҳс шурӯъ мешавад. Дар миёни мо нафаре хоин аст, ватанфурӯш аст. Агар мард бошад, аз ҷояш рост шавад, то ҳама ӯро бубинанд. Дар ин миён, ки Нахудак дар он ҷо маҷлис ҳозир буд, аз асли воқеа хабар надошт. Ў ҳам ба садрнишини ҷаласа ҳамовоз шуда, баланд – баланд сухан карда, гуфтаҳои садри маҷлисро тақвият медиҳад: наход дар миёни Шумо ҳам хоин бошад, мардум ба Шумо бовар карда раъйи худро додааст!!!
Садри маҷлис аз суханҳои Нахудак илҳом гирифта, суханҳои қоғазпечи нав ба навро дар ҳаққи он хоини набуда равон мекунад. Тамоми 63 депутат гирди ҳам меоянд, садри маҷлис бошад, рӯймолчаашро аз кисааш бароварда, арақашро тоза мекунад. Пас нафасашро чуқур фурӯ бурда мегӯяд:
Љанобон, Шумо ҳамаатон воқиф ҳастед, ки «Чароғи рӯз» аксҳои моро «Мертвые души» гуфта, чоп кардааст. Дар миёни мо нафаре ҳаст, ки моро мефурӯшад. Аз ин сабаб ҳамаатон хуб фикр карда бароед. Ман хулосаҳои Шуморо интизор.
Нахудак аз асли воқеа бохабар мегардаду дарун дарун механдад. Дақиқае чанд пушти сар шуд. Њама ба ҳамдигар бо нигоҳи шубҳаомез менигаранд. Касе ҷуръати онро надорад, ки ба болонишини маҷлис нигоҳ кунад.
Чашми садри маҷлис ба Нахудак меафтад, ки малеҳона табассум мекард. Садри маҷлис воҳима карда, ҳа Нахудак туро ба ин ҷо роҳ додему ту худатро аз даст доди ку?
Нахудак аз ҷояш рост шуда, даст пеши бар мегираду нимтаъзиме мекунад, то хандаашро фурӯ нишонад. Пас, аз ҳозирин рӯй оварда мегӯяд, мӯӯӯӯҳтарам вакилон, масъалае, ки Шумо дар миён гузоштед, басо масъалаи мубрам аст. Ман шуморо мефаҳмам. Агар иҷозат бошад, масъаларо бароятон рушан мекунам.
Садри маҷлис сар меҷунбонад, ки Нахудак бошад, ту сухан кун!
Нахудак, хандаашро базур пинҳон карда, ба нохунҳои ангушти дасти чапаш нигариста суханро оғоз мекунад.
Мӯҳтарам, садри маҷлис ва ҷонобону бонувони вакил. Суханро дароз кардани нестаму вале ба самъи Шумо расонам, ки ҳафтаномаи «Чароғи рӯз» аксҳои Шуморо аз сомонаи интернетиатон дастрас кардааст, ки ин ҳеҷ ҷои «аз паша фил сохтан»-ро надорад.
Дар ин миён нафаре, ки худро донотар мегирифт, лӯқма мепартояд, бале Нахудак рост мегӯяд, дар сомонаамон аксҳои ҳамаи мо ҳаст.
Садри маҷлис даст ба чаккаи сараш бурда, мӯйи сап-сафедашро яктараф мекунаду пас сукути кӯтоҳе мегӯяд:
— Агар чунин бошад, вай кӣ буд, сардори ун газета, вайро ба сомонаи мо кӣ роҳ додааст? Њатман, касеро ки «Чароғи рӯз»-ро ба сомонаи мо роҳ додааст, кофта-кофта ёбед!!! Дар ҷаласаи навбатӣ сари ин масъала сӯҳбатро давом медиҳем…    

Реклама

Нахудак дар парлумон: 2 комментария

  1. Хахаха…
    Хурдакак будаму як китобчаи майдахаки бо номи Калўшдепутатхо ёфта хонда будам. 😀
    Он давраро бахо дода наметавонам, лек бархе аз депутатхои хозираамо точно каллуш!!! Причем размери 50 ба ягон бало кор намебиён. Хи.
    Хи.
    МулохимХунукхо касдашонро аз мардуми Шимол гирифтанд. Рохи моро пулаки мекунанд, баъзеокипадархо, Чанубро бошад не,
    Э клейхоятон аз китайский бошад «татупед»-хои мухтарам 👿

  2. Латифа аз Forsage:
    Дурусттараш ин вокеият, ки аз як шохиди он шунида будам.
    Чанд сол аст, ки ОБСЕ дар Точикистон барои чавонон лагери тобистона ташкил мекунад. Аксар вакт он дар яке аз истирохатгоххои Кайроккум ташкил мешавад ва ба он аз тамоми гушаву канори Точикистон чавонон таклиф мешаванд. Дар ин лагер чавононро бо асосхои сиёсат, интихобот, давлатдори ва гайра шинос мекунанд. Барои вохури бо чавонон намояндагони ахзоб хам бо навбат ташриф меоранд.
    Ду-се сол пеш як гурух чавононро барои вохури бо раиси КМИР Мирзоалй Болтуев ба Душанбе мебаранд ва дар он чо бо у гуфтугу ташкил мекунанд. Яке аз чавондухтарони русзабон, ки хеле фаъол буд савол медихад:
    — Уважаемый Мирзоали Болтуев, выборы 2005 года по мнению некоторых наблюдателей из ОБСЕ проходили с многочисленными нарушениями и активным вмешательством местных органов власти. Ваше мнение по этому поводу?
    Мирзоалй Болтуев бо дахони кушода уро гуш мекунаду ба шахсе, ки канори у нишаста буд менигарад ва мегуяд:
    — Ин чи мега?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s