Як хабар аз Нахудак

Ба иттилои дустони Нахудак рузхои наздик саросари кишвар бо гази табии таъмин карда мешаванд. Як дусти Нахудак, ки аз ифшо кардани номаш худдори менамояд, эълон доштааст, ки дар тамоми кишвари кухсорамон баробари ба итмом расидани таъмир гази табии дода мешавад.
ЭЭЭ хонанда, охи пурс чиро таъмир мекунанд?
Дусти Нахудак, ки дар ширкати овозадори «Барки точик» кор мекардааст, гуфтааст, тамоми саъйу кушиши мо ба он равона карда шудааст, ки то барфи аввал, симчубхоро аз таъмир бароварем, то тавонем, ба воситаи нокилхо газро ба ахоли бемамониат расонем. Хамчунин таъкид кардааст, ки чун дар зимистон барк нест, мо аз фурсат истифода бурда, симчубхо бекор хоб нараванд, газро сар додем. 

Реклама

Як хабар аз Нахудак: 5 комментариев

  1. Ха-хахахахахахаххаха
    я не могу хахахахахаха!!!!

    Нахудакчон ту каме хоб монда будику!!! Мо чунон олимони нав дорем, ки тарики нокил он тараф истад, тарики «ваъда» гази табииро ба хонахоямон мебиёранд. Хооо! Туро як нахудаки донояк гуем, эххе, тамоман хоб будаи ку!!! Зуд, мачаллахои илмии депутатхоямонро гиру аз бар кун!!! Набошад дар кунчи синф рост меисти! Барои маълумотат ➡ мачаллахои илмии депутатхо — барномахои пешазинтихоботи! Агар онхоро аз бар куни СуперАкадемики точик мешави 😉

  2. Шармандатунам. Ман даъвои хачвнависи дораму Шумо дустам, чунин завки боло доред!!!
    Нахудак хадафи калонеро ба пеш гузоштааст, СуперАкадемики точик не, мехохад чоизаи Нобелро ба даст орад))

  3. Э, бораккалло Нахудак бо ин химматат. Ман пешниход мекардам, барои даст ёфтан ба Чоизаи Нобел овозхон шав. Осонтарин рохи шинохта шудан дар Точикистон феълан хамин аст. Бовар дорам баъди се албом хатман Туро бологузар мекунанду Профессору Академик. Чи мегуи?

  4. Медонед, имруз агар аз баландие санг базер партоб кунед, албатта ба сари ягон овозхон мезанад. Ин кадар зиёд шудаанд, ки барои ман чой намерасад. Ман кучову овозхони кучо!!!
    Бовар дорам, агар ман овозхон шаваму MAHBUB-TJ баранда шавад, дар он маърака ягон кас намемонад))

    1. Нахудаки чон, хофизи гуфтему латифачае ба ёдам расид.
      Дар туйе як хофиз ду чашмашро пушида хуб ба кавли бибиям «улча» мекашад. Як вакт чашм кушода мебинад, ки ба чуз як нафар касе нест. Худашро мисли аксари хунармандони имрузи театри точик таскин медихад, ки хамин як нафар шунавандаи асил дорам шуд ва аз у мепурсад:
      -Сурудхои ман ба шумо писанд омад, ки то охири туй нишастед?
      -Не, ака, хамон гилемчае, ки дар болояш нишастаи аз ман аст. Агар тамом карда боши, хез гирам ман хам меравам….

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s