Нахудак дар кабули президент

Нахудак бо як точики афгонистони шинос мешавад. Шиносоии онхо ба рафикии сахт мубаддал мегардад. Харду хам зиндагии миёнахоле доштанд Хар вакте бо хам мешиштанд, аз вазъи бади рузгор шикоят мекарданд.
Рузе рафикон бо хам вомехуранд. Точики афгонистони дигар он одами пешина набуд. Як бойи коракалон, либосхо ва гашташ тамоман дигар. Нахудак хайрон шуда мепурсад, дустам хама ин давлат аз кучост?
Он мард мегуяд, дустам як руз ба назди раёсати чумхурии Афгонистон рафта, дар пешам кохро монда хоида истода будам, ки президенти Афгонисон баромада дид. Президенти гуфт, ки чи кор карда истодаи? Гуфтам, аз гушнаги кох мехурам, гуфт, ахмакиро бас куну, мана пул рафта зиндагиатонро бин. Як даста сумро дод, Худоро шукр, хол бех шуд.
Пас аз ин накл, точики афгонистони ба Нахудак маслихат медихад, ки ту хам рафта дар назди раёсати сарвари давлати Точикистон чунин кун, алабатта, кумак мекунад.
Дар як рузи гарми бахори, Нахудак аз кухистон ба шахр меояд. Касри президентро кофта меёбад. Аз кулвораш, ки аз деха кох оварда буд, берун карда хоидан мегирад. Касе ахамият намедод.
Бегох сарвари давлат аз кор мебарояду чашмаш ба Нахудак меафтад. Нахудак нигохи президентро хис намуда зуд-зуд кохро хоида фуру мебарад. Президент наздик омада, аз Нахудак мепурсад, чи кор карда истодаи?   
Нахудак ба дил хурсанд, вале худашро зик вонамуд карда мегуяд, аз гушнаги кох мехурам.
Президент ба холи вай хуб механандад. Баъд мегуяд, хуб гови беакл будаи. Гов набоши, алафи сабзро монда, кох мехури. Холо, ки бахор аст, алафи сабзи пешатро хур, зимистон, ки шуд, кохатро баъд мехури!!!

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s